https://sputnik.tj/20230213/khizmatchi-davlati-mansabash-muvofiq-maqomot-1054895252.html
Чанд хизматчии давлатӣ ба мансабаш мувофиқ нест?: Шарҳи мақомот
Чанд хизматчии давлатӣ ба мансабаш мувофиқ нест?: Шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ахиран маълумот дар бораи хизматчиёни давлатие, ки ба мансаби ишғолнамудаашон мувофиқ нестанд, маълумоти додаанд
2023-02-13T22:00+0500
2023-02-13T22:00+0500
2023-02-13T22:00+0500
дар тоҷикистон
мақомот
мансаб
вазифа
мансабдор
хизматчиёни давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102531/73/1025317373_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_f783c188d922c58cd5c3b0bc18fcb66f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Комиссияи аттестатсионӣ, 196 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ намудааст, иттилоъ додааст Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов.Ҳамчунин вай афзуд, ки комиссияи аттестатсионӣ аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд.Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2022 (аввали соли 2023 ҷамъбаст гардид) муайян карда шуд, ки соли гузашта 34 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шуданд.Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 169 нафар хизматчиёни давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият доранд. Аз он 89 нафар ба мақомоти марказӣ (бо сохторҳои маҳаллӣ) ва 78 нафар ба мақомоти маҳаллӣ рост меояд.Аз ин ҳайат 157 нафар (83 нафар дар мақомоти марказӣ, 74 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 5 сол ва 12 нафар (9 нафар дар мақомоти марказӣ, 3 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) бештар аз 10 сол фаъолият доранд.Дар маҷмӯъ, аз таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳо дар бораи ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2022 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 169 нафар (соли 2022) расида, раванди мазкур тамоюли пастравӣ дорад.
https://sputnik.tj/20221127/taghyirot-kadri-donishgoh-khujand-1053103518.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102531/73/1025317373_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_75b65385e3e7835d9678f6fe2b032bd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, шарҳ, ишғолнамуда, хизматчиёни давлатӣ, шарҳ
тоҷикистон, мақомот, шарҳ, ишғолнамуда, хизматчиёни давлатӣ, шарҳ
Чанд хизматчии давлатӣ ба мансабаш мувофиқ нест?: Шарҳи мақомот
Мақомоти Тоҷикистон ахиран маълумот дар бораи хизматчиёни давлатие, ки ба мансаби ишғолнамудаашон мувофиқ нестанд, маълумоти додаанд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Комиссияи аттестатсионӣ, 196 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ намудааст, иттилоъ додааст Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов.
Ҳамчунин вай афзуд, ки комиссияи аттестатсионӣ аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2022 (аввали соли 2023 ҷамъбаст гардид) муайян карда шуд, ки соли гузашта 34 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 169 нафар хизматчиёни давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият доранд. Аз он 89 нафар ба мақомоти марказӣ (бо сохторҳои маҳаллӣ) ва 78 нафар ба мақомоти маҳаллӣ рост меояд.
Аз ин ҳайат 157 нафар (83 нафар дар мақомоти марказӣ, 74 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 5 сол ва 12 нафар (9 нафар дар мақомоти марказӣ, 3 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) бештар аз 10 сол фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, аз таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳо дар бораи ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2022 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 169 нафар (соли 2022) расида, раванди мазкур тамоюли пастравӣ дорад.