https://sputnik.tj/20221127/taghyirot-kadri-donishgoh-khujand-1053103518.html
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Киҳо вазифа гирифтанд?
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Киҳо вазифа гирифтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин муассисаи таълимӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
2022-11-27T19:30+0500
2022-11-27T19:30+0500
2022-11-28T13:34+0500
дар тоҷикистон
донишгоҳ
хуҷанд
таъйиноти кадрӣ
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713109_0:0:1353:762_1920x0_80_0_0_f902aa80139d3f45a31416c245aea474.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ноиби ректор дар бахши тарбия ва деканҳои 7 факултаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иваз шудаанд, хабар доданд аз ин муассиса ба Sputnik Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бо фармони ректори донишгоҳ, Замира Улмасова - декани факултаи филология тоҷик, Малоҳат Усмонова - декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Даврон Усмонов - декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Музаффар Дадобоев - декани факултаи география ва туризм таъйин шуданд. Ҳамчунин Сироҷиддин Ҳакимов мақоми декани факултаи биология ва химия, Хушбахт Нуруллоев вазифаи декани факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Муқаддас Неъматова мақоми декани факултаи муҳандисӣ – омӯзгории ДДХ, воқеъ дар ноҳия Ҷаббор Расуловро гирифтаанд. Инчунин бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони вазири маориф, Мирзотоҳир Набиев, ноиби ректори ДДХ оид ба тарбия таъйин шудааст. Маврид ба зикр аст, ки ин вазифа баъди ректор таъйин шудани Аюб Усмонзода, чанд вақт ба ин тараф холӣ монда буд. Таъйини барканории деканҳо бо фармони ректор ва дар мувоифқа бо вазири маориф сурат мегирад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Институти педагогии ба номи С.М. Киров) 18 факулта ва як Коллеҷи омӯзгорӣ дошта, бузургтарин мактаби олӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20220601/khujand-fakultai-ruznomanigori-tasis-1048849796.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713109_0:0:1353:1016_1920x0_80_0_0_f09663ec2772d9e6d66ad136a25c8cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйироти кадрӣ, донишгоҳ, хуҷанд, ректор, декан
тағйироти кадрӣ, донишгоҳ, хуҷанд, ректор, декан
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Киҳо вазифа гирифтанд?
19:30 27.11.2022 (Навсозишуда: 13:34 28.11.2022) Эксклюзив
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин муассисаи таълимӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ноиби ректор дар бахши тарбия ва деканҳои 7 факултаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иваз шудаанд, хабар доданд аз ин муассиса ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо фармони ректори донишгоҳ, Замира Улмасова - декани факултаи филология тоҷик, Малоҳат Усмонова - декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Даврон Усмонов - декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Музаффар Дадобоев - декани факултаи география ва туризм таъйин шуданд.
Ҳамчунин Сироҷиддин Ҳакимов мақоми декани факултаи биология ва химия, Хушбахт Нуруллоев вазифаи декани факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Муқаддас Неъматова мақоми декани факултаи муҳандисӣ – омӯзгории ДДХ, воқеъ дар ноҳия Ҷаббор Расуловро гирифтаанд.
Инчунин бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони вазири маориф, Мирзотоҳир Набиев, ноиби ректори ДДХ оид ба тарбия таъйин шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин вазифа баъди ректор таъйин шудани Аюб Усмонзода, чанд вақт ба ин тараф холӣ монда буд.
Таъйини барканории деканҳо бо фармони ректор ва дар мувоифқа бо вазири маориф сурат мегирад.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Институти педагогии ба номи С.М. Киров) 18 факулта ва як Коллеҷи омӯзгорӣ дошта, бузургтарин мактаби олӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.