Аз сокинони Суғд дархост шудааст, ки масрафи нерӯи барқро кам кунанд

© Pixabay/a_roeslerЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2023
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути сарфа ва истифодаи самараноки техникаи маишӣ дар мубориза бо камбуди нерӯи барқ ​​саҳми муносиб гузоранд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд мардумро даъват мекунанд, ки аз таҷҳизоти барқӣ камтар истифода баранд.
Ин муроҷиатро роҳбарияти ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и шаҳри Хуҷанд баён кардааст.
Зикр гардид, ки қисми зиёди қувваи барқ дар истгоҳҳои электрикии обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ ба миқдори об дар обанборҳо ва дигар объектҳои об вобаста аст.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Чаро дар Тоҷикистон лимити барқро аз байн бурданду, мушкилот сар зад?
Қаблан дар Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз камбуди нерӯи барқ ​​ва паёмадҳои манфӣ барои иқтисод ва бахши иҷтимоӣ аз 1 феврали соли 2023 маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ​​ҷорӣ шуда буд.
"Дар робита ба ин, аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки то ҳадди имкон истифодаи асбобҳои барқиро коҳиш дода, масрафи нерӯи барқро кам кунанд", - омадааст дар паём.
Сарфаи ҳар киловат аз ҷониби сокинон кафолати таъмини бефосила бо нерӯи барқро медиҳад, хабар медиҳад манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0