https://sputnik.tj/20230213/barqi-tojik-afzoish-sodiroti-neru-uzbekiston-1054877986.html
"Барқи тоҷик" афзоиши содироти нерӯ ба Ӯзбекистонро шарҳ дод
"Барқи тоҷик" афзоиши содироти нерӯ ба Ӯзбекистонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" гузоришҳои кишвари ҳамсоя дар бораи афзоиши содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон, аз ҷумла вилояти Сурхондарёро тавзеҳ дод
2023-02-13T17:30+0500
2023-02-13T17:30+0500
2023-02-13T17:30+0500
дар тоҷикистон
барқ
барқи тоҷик
содирот
нерӯ
ӯзбекистон
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045131243_0:0:3389:1907_1920x0_80_0_0_e3608c5167b9b1fa2f541b85e441e223.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Моҳи январ ба далели бархе мушкилот дар низоми энергетикии Ӯзбекистон истифодаи нерӯи барқ дар минтақаи Сурхондарёи ин кишвар аз ҳисоби барқи Тоҷикистон афзоиш ёфта буд. Дар ин бора раиси "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар доираи низоми сарбастаи энергетикии Осиёи Марказӣ як қисми аҳолии ин кишварҳо ба шабакаҳои ин ё он ҷониб пайванданд. Ӯ таъкид намуд, ки созиш аст, ки ҷараёнҳои байнидавлатии ғайринақшавӣ бо Ӯзбекистон набояд аз 10 млн киловат соат ва бо Қирғизистон аз 5 млн киловат соат зиёд бошад. Ба гуфтаи раиси "Барқи тоҷик" моҳи январ дар пайи мушкилоти энергетикии Ӯзбекистон истифодаи барқ дар Сурхондарё каме зиёд шуд, аммо аз меъёри муайяншуда бештар нагрдидааст. "Б ҳолати охири январи соли равон ҳаҷми он 9,8 млн киловат соатро ташкил дод, ки аз меъёри муайяншуда зиёд нест. Ин ҷо ягон қарордоди иловагӣ баста нашудааст", - гуфт ӯ. Вай таъкид намуд, ки ҷониби Ӯзбекистон дар чунин ҳолатҳо муваззаф мешавад, ки моҳи оянда баробар ба ҳаҷми барқи гирифтааш, нерӯ бидиҳад. Қаблан Шабакаҳои барқии минтақаи Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон изҳор дошта буданд, ки барои ҳалли мушкили камбуди барқ, воридоти нерӯро аз Тоҷикистон зиёд кардаанд.Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифта, дар масоили таъминот бо нерӯи барқ, обрасонӣ ва нақлиёт бархе мушкилот эҷод кардааст.
https://sputnik.tj/20230213/barqi-tojik-limit-bardoshta-1054867620.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045131243_323:0:3002:2009_1920x0_80_0_0_6c5fff9d35338a8e3ef46207bafc9532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйид, афзоиш, содирот, нерӯ, барқ, ӯзбекистон, тоҷикистон
таъйид, афзоиш, содирот, нерӯ, барқ, ӯзбекистон, тоҷикистон
"Барқи тоҷик" афзоиши содироти нерӯ ба Ӯзбекистонро шарҳ дод
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" гузоришҳои кишвари ҳамсоя дар бораи афзоиши содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон, аз ҷумла вилояти Сурхондарёро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Моҳи январ ба далели бархе мушкилот дар низоми энергетикии Ӯзбекистон истифодаи нерӯи барқ дар минтақаи Сурхондарёи ин кишвар аз ҳисоби барқи Тоҷикистон афзоиш ёфта буд.
Дар ин бора раиси "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар доираи низоми сарбастаи энергетикии Осиёи Марказӣ як қисми аҳолии ин кишварҳо ба шабакаҳои ин ё он ҷониб пайванданд.
Ӯ таъкид намуд, ки созиш аст, ки ҷараёнҳои байнидавлатии ғайринақшавӣ бо Ӯзбекистон набояд аз 10 млн киловат соат ва бо Қирғизистон аз 5 млн киловат соат зиёд бошад.
Ба гуфтаи раиси "Барқи тоҷик" моҳи январ дар пайи мушкилоти энергетикии Ӯзбекистон истифодаи барқ дар Сурхондарё каме зиёд шуд, аммо аз меъёри муайяншуда бештар нагрдидааст.
"Б ҳолати охири январи соли равон ҳаҷми он 9,8 млн киловат соатро ташкил дод, ки аз меъёри муайяншуда зиёд нест. Ин ҷо ягон қарордоди иловагӣ баста нашудааст", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки ҷониби Ӯзбекистон дар чунин ҳолатҳо муваззаф мешавад, ки моҳи оянда баробар ба ҳаҷми барқи гирифтааш, нерӯ бидиҳад.
Қаблан Шабакаҳои барқии минтақаи Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон изҳор дошта буданд, ки барои ҳалли мушкили камбуди барқ, воридоти нерӯро аз Тоҷикистон зиёд кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифта, дар масоили таъминот бо нерӯи барқ, обрасонӣ ва нақлиёт бархе мушкилот эҷод кардааст.