Махачев беҳтарин размикори UFC-ро шикаст дод

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкРоссийский боец MMA Ислам Махачев
Российский боец MMA Ислам Махачев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2023
Обуна шудан
Размикори Русия бо рақиби австралиягияш тамоми 5 давр зӯр озмуда, дар ниҳоят бо қарори якдилонаи доварон ғолиби мусобиқа эълон гардид
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Размикори русиягӣ, Ислом Махачев унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабукро дар рақобат бо Александр Волкановски ҳифз кард. Зӯрозмоӣ дар шаҳри Перт баргузор шуд.
Варзишгарон тамоми панч даврро дар октагон гузаронданд ва доварон якдилона ғалабаро ба Махачев доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин дифои камарбанди қаҳрамонӣ аз сӯи Махачев буд. Волкановский то ин сабқат дара садри беҳтарин размикорони UFC новобаста аз вазни вазн қарор дошт ва Махачев баъд аз ӯ ҷой гирифта буд.
Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2023
Ҷамъбасти "Ҷоми рушд" бо медали биринҷӣ: 2 футболбози тоҷик беҳтарин дониста шуданд
Ҳамин тариқ размикори 31-солаи доғистонӣ аз октябри соли 2015 то ҳол шикастнопазир боқӣ мондааст. Ягона бохти Махачев аз Адриан Мартинси бразилиягӣ буд, ки дар даври аввал рух дод. Ӯ то ҳол 24 ғалаба дорад.
Унвони қаҳрамониро Ислом Махачев моҳи октябри соли гузашта ба даст оварда буд. Махачев дар он сабқат дар шаҳри Абу-Дабӣ дар даври дуюм бар размикори бразилиягӣ Чарлз Оливейро пирӯз омад.
Он замон аз аввалинҳо шуда ба майдон размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадов ворид гардида, Махачевро бо қаҳрамонияш шодбош гуфту эълон кард, ки маҳз ин қаҳрамони нав беҳтарин дар ҳунарҳои размии омехта мебошад.
Лентаи хабарҳо
0