Ҷамъбасти "Ҷоми рушд" бо медали биринҷӣ: 2 футболбози тоҷик беҳтарин дониста шуданд

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана по футболу
Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2023
Обуна шудан
Мунтахаби наврасони то 17-cолаи Русия барандаи Ҷоми рушд-2023 дар Минск гардид, аммо 2 футболбози тоҷик беҳтарини ин мусобиқа эълон гардиданд
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Минск гардид.
Ба иттилои ФФТ, барои ҷойи сеюм футболбозони тоҷик то бар тими наврасони то 16-солаи Русия зӯрозмоӣ карда, бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуданд. Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров муаллифони гол мебошанд.
Тими футболбозони 17-солаи Русия барои ҷои аввал бар ҳамсолони худ аз Қазоқистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, ғолиби "Ҷоми рушд - 2023" эълон шуд.
Аммо беҳтаринҳои ин мусобиқа аз ҳайати тими Тоҷикистон эълон гардиданд. Ҳамлагари тими Тоҷикистон Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол беҳтарин нишонзани ин мусобиқот шуд.
Юные футболисты НУР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Дар макотиби чор шаҳри Тоҷикистон синфҳои махсуси футбол ташкил мешаванд
Абубакр Сулаймонов бошад беҳтарин бозигари Ҷоми рушд дар соли 2023 дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт "Ҷоми рушд-2023"-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.
Тими Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) ва дар чаҳоргонаи "А" дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) зӯрозмоӣ карда буданд ва ғолибони гуруҳҳо ба финал баромаданд.
Лентаи хабарҳо
0