https://sputnik.tj/20221230/tayinoti-kadrii-soli-nav-mastchoh-sharifov-vazifa-1053947095.html
Таъйиноти кадрии пеш аз Соли нав дар Мастчоҳ: Шарифов вазифаи нав гирифт, ӯ кист?
Таъйиноти кадрии пеш аз Соли нав дар Мастчоҳ: Шарифов вазифаи нав гирифт, ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо фармони нави худ, директори Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳро таъйин намуд
2022-12-30T20:20+0500
2022-12-30T20:20+0500
2022-12-30T20:36+0500
дар тоҷикистон
таъйиноти кадрӣ
мастчоҳ
вазорати меҳнат
вазифа
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Бо қарори Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, Ашраф Шарифов, минҳайси директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” таъйин шудааст.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Матстчоҳ иттилоъ доданд.Шарипова ҳудуди даҳ моҳи пеш ба ин мақом таъйин шуда буд ва зимнан сабаби барканориаш маълум нест.Шарифов Ашраф Шарифович 26 феврали соли 1976 дар деҳаи Арнохуни ҷамоати деҳоти Оббурдон таваллуд шуда, хатмкардаи МТМУ № 11 мебошад.Пас аз хатми мактаби мазкур соли 1993 ба Омӯзишгоҳи касбии техникии № 35-и ноҳия дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳосиб ба поён расонидааст. Ҳамчунин ӯ соли 2012 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакентро бо ихтисоси менеҷмент -туризм хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба сифати муҳосиб дар корхонаи МИР-31 оғоз намудааст. Солҳои 1998 – 2022 ҳамчун сармуҳосиб дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст.Шарифов аз 31 марти соли 2022 то таъйин шудан ба вазифаи директории Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳия, вазифаи мудирии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳро бар зима дошт.Ба мақоми нави вазифавӣ гузаштани ӯ, аз таъйиноти кадрӣ дар остонаи Cоли навb милодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб мешавад.
https://sputnik.tj/20211215/tayinot-barkanoriho-masulin-gvardiyai-milli-1044180919.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таъйиноти кадрӣ, мастчоҳ, соли нав, вазифа, вазорати меҳнат, ширин амонзода
тоҷикистон, таъйиноти кадрӣ, мастчоҳ, соли нав, вазифа, вазорати меҳнат, ширин амонзода
Таъйиноти кадрии пеш аз Соли нав дар Мастчоҳ: Шарифов вазифаи нав гирифт, ӯ кист?
20:20 30.12.2022 (Навсозишуда: 20:36 30.12.2022) Эксклюзив
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо фармони нави худ, директори Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳро таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Бо қарори Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, Ашраф Шарифов, минҳайси директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” таъйин шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Матстчоҳ иттилоъ доданд.
“Дар ин мақоми вазифавӣ Шарифов ҷойи Орзугул Шариповаро иваз намуданд” - гуфт, манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Шарипова ҳудуди даҳ моҳи пеш ба ин мақом таъйин шуда буд ва зимнан сабаби барканориаш маълум нест.
Шарифов Ашраф Шарифович 26 феврали соли 1976 дар деҳаи Арнохуни ҷамоати деҳоти Оббурдон таваллуд шуда, хатмкардаи МТМУ № 11 мебошад.
Пас аз хатми мактаби мазкур соли 1993 ба Омӯзишгоҳи касбии техникии № 35-и ноҳия дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳосиб ба поён расонидааст. Ҳамчунин ӯ соли 2012 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакентро бо ихтисоси менеҷмент -туризм хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба сифати муҳосиб дар корхонаи МИР-31 оғоз намудааст. Солҳои 1998 – 2022 ҳамчун сармуҳосиб дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст.
Шарифов аз 31 марти соли 2022 то таъйин шудан ба вазифаи директории Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳия, вазифаи мудирии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳро бар зима дошт.
Ба мақоми нави вазифавӣ гузаштани ӯ, аз таъйиноти кадрӣ дар остонаи Cоли навb милодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб мешавад.