Наҷотбахшони тоҷик дар Туркия падар ва фарзанди шашмоҳаашро зинда берун оварданд - видео

© КЧС ТаджикистанаТаджикские спасатели разбирают завалы разрушенных зданий в турецкой провинции Кахраманмараш
Таджикские спасатели разбирают завалы разрушенных зданий в турецкой провинции Кахраманмараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2023
Обуна шудан
Имдодгарон аз Тоҷикистон, ки дарТуркия ба бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбии мудҳиш машғуланд, ду нафарро зинда аз зери харобаҳо берун оварданд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Имдодгарони тоҷик дар Туркия ду нафарро, ки узви як оила мебошанд, аз марг наҷот доданд.
Падар ва фарзанди шашмоҳаи ӯро наҷотбахшони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмашар аз зери бинои фурӯрафта зинда берун оварданд. Онҳо давоми шаш рӯз зери сангу бетон қарор доштанд.
КҲФ хабар медиҳад, ки наҷотдиҳандагон дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳис карданд.
“Онҳо хеле ба зудӣ, вале эҳтиёткорона ҳама монеъаҳоро бартараф карданд ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳ бо падараш берун кашиданд”, - омадааст дар хабари КҲФ.
Гуфта мешавад, падару кудак фавран ба беморхона интиқол дода шуданд.
Зимнан, ин ниҳод афзуд, ки то соати 14:00 ба вақти Туркия, наҷотбахшони тоҷик дар шаҳри мазкур аз зери биноҳои харобгашта 23 ҷасад пайдо намуданд.
Люди, пострадавшие в результате землетрясения, в Диярбакыре. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2023
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 000 нафар гузашт
Қаблан, КҲФ хабар дод, ки имдодгарони тоҷик аз соати 8:00 дақиқаи рӯзи 11 феврал ба идомаи корҳои ҷустуҷӯи шурӯъ намуданд ва ҷасади нуҳ нафарро аз як бинои шашошёнаи харобгардида берун оварданд.
Илова бар ин, онҳо 400 грамм тило, як тапонча ва камон бо тирҳоро пайдо намуданд ва ба мақомоти марбутаи Туркия супориданд.
Лентаи хабарҳо
0