https://sputnik.tj/20230211/tedod-qurboniyon-zaminlarza-turkiya-20-hazor-nafar-guzasht-1054850259.html
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 000 нафар гузашт
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 000 нафар гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Дар даҳ музофоти Туркия, ки аз ҳама беш бар асари офати табиӣ хароб гардиданд, барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон шудааст
2023-02-11T15:27+0500
2023-02-11T15:27+0500
2023-02-11T15:27+0500
дар ҷаҳон
туркия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054806422_0:160:2971:1831_1920x0_80_0_0_87c670b3b2aa3760a06d297501a5579b.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад "РИА Новости" бо такя ба вазири тандурустии ин кишвар Фаҳреттин Коҷа. Қаблан дар бораи 16 ҳазор қурбонӣ хабар дода шуд.Субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.Зимнан, ин офати табиӣ Сурияро низ ларзонда буд. Дар он ҷо аз ҳама беш вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартус осеб диданд. Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, 3162 нафар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳо ба Туркия гурӯҳи наҷотбахшон ва ҳамчунин кумаки башардӯстона ирсол намуд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки бо супориши роҳбари давлат 50 имдодрас ба Туркия сафарбар шуданд ва ҳоло дар шаҳри Қаҳрамонмашар фаъолият доранд.Рӯзи 11 феврал наҷотбахшони тоҷик аз як бинои фурӯрехтаи шашошёна ҷасади нуҳ нафарро дарёфт намуданд.Ин ниҳод мегӯяд, кори имкдодгарони тоҷик дар Туркия бомаром идома дорад ва то анҷоми пурраи корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мудҳиш, наҷотбахшони тоҷик дар Туркия мемонанд.
https://sputnik.tj/20230210/kori-najotdihandagon-tojik-turkiya-guzorish-aksi-1054828743.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054806422_314:111:2897:2048_1920x0_80_0_0_192d542343e75aeecb3257b268e11669.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия заминларза қурбониён
туркия заминларза қурбониён
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 000 нафар гузашт
Дар даҳ музофоти Туркия, ки аз ҳама беш бар асари офати табиӣ хароб гардиданд, барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад "РИА Новости" бо такя ба вазири тандурустии ин кишвар Фаҳреттин Коҷа.
Қаблан дар бораи 16 ҳазор қурбонӣ хабар дода шуд.
"Тибқи маълумоти охирин, шумори кушташудагон 20 213 нафар ва захмиён 80 052 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт вазир.
Субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Зимнан, ин офати табиӣ Сурияро низ ларзонда буд. Дар он ҷо аз ҳама беш вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартус осеб диданд. Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, 3162 нафар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳо ба Туркия гурӯҳи наҷотбахшон ва ҳамчунин кумаки башардӯстона ирсол намуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки бо супориши роҳбари давлат 50 имдодрас ба Туркия сафарбар шуданд ва ҳоло дар шаҳри Қаҳрамонмашар фаъолият доранд.
Рӯзи 11 феврал наҷотбахшони тоҷик аз як бинои фурӯрехтаи шашошёна ҷасади нуҳ нафарро дарёфт намуданд.
Ин ниҳод мегӯяд, кори имкдодгарони тоҷик дар Туркия бомаром идома дорад ва то анҷоми пурраи корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мудҳиш, наҷотбахшони тоҷик дар Туркия мемонанд.