Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин гуфтугӯ карданд: тафсилот

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2023
Обуна шудан
Сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ба мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба таваҷҷуҳ карданд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон телефонӣ сӯҳбат карданд.
Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.
Гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 10 феврал бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт.
"Сироҷиддин Муҳриддин Лавровро бо ҷашни касбӣ - Рӯзи кормандони дипломатӣ самимона табрик гуфт", — омадааст дар хабарнома.
Вазирон инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Русия бо Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират созишнома ба имзо мерасонанд
Дипломатҳои ду кишвар нияти мутақобилан барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро тасдиқ карданд, қайд гардид дар хабарии ВУХ Русия.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 Русия ва Тоҷикистон 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0