Афзоиши себаробарии истеҳсоли дору дар Тоҷикистон

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкВыпуск препарата
Выпуск препарата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
Истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ дар ҷумҳурӣ се баробар афзуд, вале бо вуҷуди ин дар саноат имкониятҳои истифоданашуда ҳануз бисёранд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти дорусозӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2021 се баробар афзоиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти ниҳодҳои марбута ҷумҳурӣ соли 2022 истеҳсоли 540 навъ дорувор ба роҳ монда шуд.
Сарфи назар аз ҳаҷми назарраси истеҳсолот ва афзоиши шумораи корхонаҳои фармасевтӣ, дар кишвар ҳанӯз дар ин самт имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд.
Мақомоти кишвар ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳо меандешанд ва ба ниҳодҳои тахассусӣ супориш дода шудааст, ки барои ифтитоҳи корхонаҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ сармояи мустақим ҷалб кунанд.
Лекарства, таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Корхонаи бузурги Русия вориди соҳаи дорусозии Тоҷикистон мешавад
Супориш дода шудааст, ки коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо онҳо машҳур аст, таъмин карда шавад.
Қобили зикр аст, ки дар пасманзари афзоиш дар кишвар воридоти доруворӣ то ҳол дар ҷои аввал қарор дорад.
Ҳамин тариқ кишвар, дар ду соли охир ба маблағи 84 миллион доллар маводи доруворӣ харидорӣ кардааст.
Ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки то имрӯз беш аз 90 дарсади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0