https://sputnik.tj/20230210/muntakhabi-tojikiston-timi-rusiya-medal-1054823184.html
Мунтахаби Тоҷикистон бо тими Русия барои медал зӯрозмоӣ мекунад
Мунтахаби Тоҷикистон бо тими Русия барои медал зӯрозмоӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 барои дарёфти ҷоиза дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Рушд - 2023" бо Русия зӯр меозмояд
2023-02-10T12:25+0500
2023-02-10T12:25+0500
2023-02-10T12:30+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
сабқат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054812383_0:110:1500:954_1920x0_80_0_0_d566a449e0a6214bce29f1c1c222b860.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми Рушд - 2023" дар шаҳри Минск барои медали биринҷӣ мубориза мебарад. Футболбозони тоҷик, ки ахиран бар рақибони эронии худ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд, 11 феврал бо Русия вориди майдон мешаванд. Ин сабқат барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаро муаян мекунад. Қаблан сабқати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 бо ҳамсолонашон аз Русия дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" бо ҳисоби 1:1 поён ёфта буд. Голи ҷониби Тоҷикистонро Раббонӣ Камолов ба ҳадаф расонд.Бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Белорус бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфта буд. Ду голи Тоҷикистонро Ҳоҷӣ Абдуманон ва Диловар Ҷамшедзода ба ҳадаф расонданд.Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд - 2023" дар Минск, ки то 11 феврал давом мекунад, дар маҷмуъ 8 дастаро шомил мебошад. Тими Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунад. Дар чаҳоргонаи "А" дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) зӯрозмоӣ мекунанд. Бар асоси низомнома, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230210/akademiya-joponi-iqdom-rushdi-judo-tojikiston-1054822475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054812383_72:0:1500:1071_1920x0_80_0_0_a9f5c2f418aa1556be6d77915452d90b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медал, биринҷӣ, тоҷикистон, русия, сабқат
медал, биринҷӣ, тоҷикистон, русия, сабқат
Мунтахаби Тоҷикистон бо тими Русия барои медал зӯрозмоӣ мекунад
12:25 10.02.2023 (Навсозишуда: 12:30 10.02.2023) Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 барои дарёфти ҷоиза дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Рушд - 2023" бо Русия вориди майдон мешавад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми Рушд - 2023" дар шаҳри Минск барои медали биринҷӣ мубориза мебарад.
Футболбозони тоҷик, ки ахиран бар рақибони эронии худ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд, 11 феврал бо Русия вориди майдон мешаванд. Ин сабқат барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаро муаян мекунад.
Қаблан сабқати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 бо ҳамсолонашон аз Русия дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" бо ҳисоби 1:1 поён ёфта буд. Голи ҷониби Тоҷикистонро Раббонӣ Камолов ба ҳадаф расонд.
Бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Белорус бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфта буд. Ду голи Тоҷикистонро Ҳоҷӣ Абдуманон ва Диловар Ҷамшедзода ба ҳадаф расонданд.
Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд - 2023" дар Минск, ки то 11 феврал давом мекунад, дар маҷмуъ 8 дастаро шомил мебошад.
Тими Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунад. Дар чаҳоргонаи "А" дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) зӯрозмоӣ мекунанд. Бар асоси низомнома, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.