Боздиди беш аз 17 ҳазор гардишгарӣ хориҷӣ аз вилояти Хатлон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонТуристические места в Хатлонской области
Туристические места в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардааст, ки дар соли гузашта дар самти фаъолияти рушди сайёҳӣ дар соли 2022 корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Аз вилояти Хатлон дар соли 2022 дар умум 462 ҳазору 503 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ боздид карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилоят Хатлон.
Мақомот хабар додааст, ки аз ин шумор 445 ҳазору 257 нафар сайёҳони дохилӣ ва 17 ҳазору 246 нафар сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, мутахассисони соҳа тасмим доранд, дар самти бозҳам пешрафт намудани рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон тамоми чораҳоро андешида, буклету харитаҳои сарироҳӣ барои сайёҳон омода намудаанд.
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Фаъолияти 41 ширкати сайёҳӣ дар вилояти Суғд
Мақомоти Хатлон таъкид кардааст, ки дар самти фаъолияти рушди сайёҳӣ дар соли 2022 корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд, ки ин ҳам бошад бо мақсади ҷалби сайёҳон ба вилояти Хатлон аст.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят 931 адад ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 адад меҳмонхона, 130 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 134 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 132 адад тарабхона, 43 адад осорхонаҳо фаъолият дорад.
Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят 8 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 119 адад чойхона, 306 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 214 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 88 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 46 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0