Боқиев меҳмони чемпионати Тоҷикистон мешавад

© SputnikНа занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Ягонаи ҷоизадори олимпӣ дар риштаи ҷудо аз Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ба ҳайси меҳмон иштирок хоҳад кард, гуфт федератсияи соҳавӣ
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Расул Боқиев, ҷудокори шинохтаи тоҷикро ба чемпионати ҷумҳуриявӣ даъват кардааст.
Ба иттилои Федератсия, Боқиев, ки ягона ҷоизадори олимпии варзиши ҷудои Тоҷикистон мебошад, ба ҳайси меҳмон дар чемпионати ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд.
Манбаъ афзуд, ки санаи баргузории мусобиқаи мазкур 11 ва 12-уми феврал муқаррар шудааст. Зӯрозмоиҳо дар маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзиши обии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Ҷудокори тоҷик дубора ба варзиши бузург баргашт
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳадафи ин мусобиқаро баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав гуфтааст. Таъкид шудааст, ки ғолибон ба дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ворид мегарданд.

"Дар ин мусобиқа ҳафт даста ва беш аз 250 паҳлавон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.

Дар феҳрасти иштирокдорони мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо 230 нафар мард ва 20 бону мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тағйироти кадрӣ дар раёсати Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки рушди ин навъро вусъат бахшад. Барои даст ёфтан ба ин ҳадаф мутахассисони хориҷӣ ҷалб гардида, тамринҳо дар хориҷи кишвар баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0