Тоҷикистон ба Туркия 100 тонна кумаки башардӯстона фиристод

© Sputnik / Сертач Каяр / Гузариш ба медиабонкЛюди, пострадавшие в результате землетрясения, в Диярбакыре.
Люди, пострадавшие в результате землетрясения, в Диярбакыре. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Обуна шудан
Ба осебдидагони заминларзаи харобиовар либоси зимистона ва маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, инчунин маводи антисептикӣ фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ба шаҳрҳои Туркия, ки аз заминларза осеб дидаанд, аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Маблағи умумии ёрӣ ба сокинони шаҳрҳои харобшуда қариб 100 тоннаро ташкил медиҳад.
Инҳо маҳсулоти асосии хӯрокворӣ — орд, равған, қанд, биринҷ, макарон, оби нушокӣ мебошанд.
Илова бар ин, ба осебдидагони офати табиӣ либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кат, кати хоб, курпаҳои пашмин, табақ ва дигар лавозимоти ошхона фиристода шуд.
Спасатели в Турции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
КҲФ: Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия расиданд
Бастаи кумакҳо инчунин ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикиро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷумҳурӣ 50 нафар наҷотдиҳандагон, ҷарроҳон ва травматологҳои ботаҷриба ба Туркия расиданд.
Бузургтарин заминларза дар 100 соли ахир бо шиддати 7,7 дараҷа рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод.
Заминларза ва садҳо ларзиш дар 10 вилояти ин кишвар ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия, эҳсос шуд, ки он низ осеб дидааст.
То ин замон шумори кушташудагон дар Туркия ба 14 014 нафар ва теъдоди маҷрӯҳшудагон ба 63 794 нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0