https://sputnik.tj/20230128/faoliyat-shirkat-sayyohi-viloyat-sugd-1054541811.html
Фаъолияти 41 ширкати сайёҳӣ дар вилояти Суғд
Фаъолияти 41 ширкати сайёҳӣ дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, ки дар вилояти Суғд 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад
2023-01-28T09:32+0500
2023-01-28T09:32+0500
2023-01-28T12:14+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
ширкат
фаъолият
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/81/1029258100_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_c1124610b8b623fefaabefb990449e8e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.Зикр гардидааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои мақомоти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли равон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 133,8 ҳазор нафар, аз ҷумла 8 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намуданд.Ҳамзамон, дар меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо зиёда аз 92,6 ҳазор нафар табобату истироҳат карданд, ки аз онҳо наздик 11,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20230118/sayyoh-rusiya-tojikiston-1054324027.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/81/1029258100_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_cecebb586afac03aac448ea9c6b0978c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ширкат, сайёҳӣ, фаъолият, гардишгарӣ, фарҳангӣ
тоҷикистон, суғд, ширкат, сайёҳӣ, фаъолият, гардишгарӣ, фарҳангӣ
Фаъолияти 41 ширкати сайёҳӣ дар вилояти Суғд
09:32 28.01.2023 (Навсозишуда: 12:14 28.01.2023) Мақомот мегӯяд, ки дар вилояти Суғд 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.
Зикр гардидааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои мақомоти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли равон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 133,8 ҳазор нафар, аз ҷумла 8 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намуданд.
Ҳамзамон, дар меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо зиёда аз 92,6 ҳазор нафар табобату истироҳат карданд, ки аз онҳо наздик 11,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.