https://sputnik.tj/20230209/ahmadzoda-korkhonai-sanotii-promavto-i-rusiyaro-ba-hamkori-davat-kard-1054812172.html
Аҳмадзода корхонаи санотии “Промавто”-и Русияро ба ҳамкорӣ даъват кард
Аҳмадзода корхонаи санотии “Промавто”-и Русияро ба ҳамкорӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд аз корхонаҳои Русия даъват кард, ки бо ширкатҳои тоҷикӣ ҳамкорӣ намоянд ва аз барои шиносоӣ бо имкониятҳо ба вилояти Суғд биёянд
2023-02-09T18:40+0500
2023-02-09T18:40+0500
2023-02-09T18:40+0500
дар тоҷикистон
суғд
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
саноат
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054812018_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_9c74e72d310295060c751974f4187de8.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд зимни сафари кориаш ба вилояти Нижегороди Русия аз раҳбарияти корхонаи санотии “Промавто” даъват кард бо ширкатҳои "Норд Азия метал" ва "Тоҷфилиз" ҳамкорӣ намоянд.Раиси вилояти Суғд ахиран дар шаҳри Нижний Новгород бо фаъолияти корхонаи саноатии "Промавто" шинос шуд.Дар ин корхонаи азими саноатӣ мошинҳои махсус, аз ҷумла мошинҳо барои кашонидани маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, лабараторияи сайёр ва контейнерҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошинҳои хизматӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулода истеҳсол карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва мошинҳои хизматии дар он истеҳсолшаванда Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистогн ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати мошинсозӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.Вай илова кард, ки аз ҷониби давлат барои рушди соҳаи саноат имтиёзҳо пешбинӣ гардида, дар вилояти Суғд захираву имкониятҳо барои бунёди корхонаи муштараки мошинсозӣ мавҷуд аст, то ширкатҳои "Норд Азия метал" ва "Тоҷфилиз" метавонанд истеҳсоли корпусҳои асосӣ ва қисмҳои иловагиро омода созанд.“Роҳандозии истеҳсоли мошинҳои гуногуни хизматӣ дар вилояти Суғд ба манфиати ҷонибҳо аст”,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.Раиси вилояти Суғд аз доираҳои соҳибкории вилояти Нижегород даъват кард, ки барои шиносоӣ бо имкониятҳо ба вилояти Суғд биёянд.Ёдовар мешавем, ки "Промавто" соли 2000 мавриди истифода қарор гирифта, дар он то имрӯз беш аз 20 ҳазор мошинҳои гуногун истеҳсол гардидааст. Корхона аз таҷҳизоти муосири давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода бурда, барои муштариёни худ беҳтарин мошинҳоро омода месозад.
https://sputnik.tj/20230208/solyarkai-chirkin-sugd-pastsifat-oshkor-1054765865.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054812018_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_1026c8173adb4c00f91a8e8c9ea211b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, корхона, ҳамкорӣ, суғд, раҷаббой аҳмадзода, даъват
тоҷикистон, русия, корхона, ҳамкорӣ, суғд, раҷаббой аҳмадзода, даъват
Аҳмадзода корхонаи санотии “Промавто”-и Русияро ба ҳамкорӣ даъват кард
Раиси вилояти Суғд аз корхонаҳои Русия даъват кард, ки бо ширкатҳои тоҷикӣ ҳамкорӣ кунанд ва барои шиносоӣ бо имкониятҳо ба ин вилояти Тоҷикистон сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд зимни сафари кориаш ба вилояти Нижегороди Русия аз раҳбарияти корхонаи санотии “Промавто” даъват кард бо ширкатҳои "Норд Азия метал" ва "Тоҷфилиз" ҳамкорӣ намоянд.
Раиси вилояти Суғд ахиран дар шаҳри Нижний Новгород бо фаъолияти корхонаи саноатии "Промавто" шинос шуд.
Дар ин корхонаи азими саноатӣ мошинҳои махсус, аз ҷумла мошинҳо барои кашонидани маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, лабараторияи сайёр ва контейнерҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошинҳои хизматӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулода истеҳсол карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва мошинҳои хизматии дар он истеҳсолшаванда Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистогн ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати мошинсозӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
Вай илова кард, ки аз ҷониби давлат барои рушди соҳаи саноат имтиёзҳо пешбинӣ гардида, дар вилояти Суғд захираву имкониятҳо барои бунёди корхонаи муштараки мошинсозӣ мавҷуд аст, то ширкатҳои "Норд Азия метал" ва "Тоҷфилиз" метавонанд истеҳсоли корпусҳои асосӣ ва қисмҳои иловагиро омода созанд.
“Роҳандозии истеҳсоли мошинҳои гуногуни хизматӣ дар вилояти Суғд ба манфиати ҷонибҳо аст”,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд аз доираҳои соҳибкории вилояти Нижегород даъват кард, ки барои шиносоӣ бо имкониятҳо ба вилояти Суғд биёянд.
Ёдовар мешавем, ки "Промавто" соли 2000 мавриди истифода қарор гирифта, дар он то имрӯз беш аз 20 ҳазор мошинҳои гуногун истеҳсол гардидааст. Корхона аз таҷҳизоти муосири давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода бурда, барои муштариёни худ беҳтарин мошинҳоро омода месозад.