“Соляркаи чиркин”: Дар Суғд даҳҳо тон маҳсулоти нафтии пастсифатро ошкор карданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкАЗС, архивное фото
АЗС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Идораи Тоҷикистандарт дар вилояти Суғд чанд намуд маҳсулоти нафтии пастсифатро маълум кардаанд, ки аз ҳама бештар сӯзишвории дизелӣ будааст
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Ғайбулло Муҳиддинов, сардори Маркази стандартизатсия, метролдогия, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ошкоршавии чунин маҳсулоти бесифати нафтӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, зимни санҷишҳои озмоишӣ кормандони ин ниҳод дар 18 намуд, бештар аз 35 тон маҳсулоти ғайристандарти нафтиро ошкор намуданд.
“Аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ 27 тон, бензини автомобил 1 тон, равғанҳои молиданӣ 1, 5 тон, афтол 400 литр, мазут 5,2 тон ва 440 литр моеъи хунуккунанда аз фурӯш боз дошта шуд” – хабар дод, Муҳиддинов.
Сардори Тоҷикстандарт гуфт, зимни озмоиш маълум шудааст, ки дар таркиби ин онҳо аз ҷумла солярка миқдори зиёди сулфур ошкор гардидааст ва истифодаи он кори муҳаррики автомобилҳоро мушкил мегардонад.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби поинравии нархи гази моеъро гуфт
Бино ба иттилоъи масъулин ин навъ маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби ширкатҳо дар ҳудуди вилоят мавриди коркард қарор дода шудааст.
Бино ба маълуомтҳои оморӣ беш аз 55 дарсади воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон тавассути бензин ҳаракат мекунанд.
Маводи сӯхт аз ҷумла бензину соляркаи аълосифат асосан аз хориҷа аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0