https://sputnik.tj/20230207/bistarai-chiriki-kumak-safiri-afghoniston-saforat-turkiya-1054749522.html
“Бистараи чирикӣ”: кӯмаки сафири Афғонистон ба сафорати Туркия
“Бистараи чирикӣ”: кӯмаки сафири Афғонистон ба сафорати Туркия
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати дипломатҳои Афғонистон дар Душанбе барои баёни ҳамдардӣ ва расондани кумаки башарӣ ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон рафтаанд
2023-02-07T18:35+0500
2023-02-07T18:35+0500
2023-02-07T20:44+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
ёрӣ
заминларза
туркия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054760765_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_496715eb98d2a1fe3a52571f29d65889.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Гуруҳи дипломатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон кумакашонро ба осебдидагони зилзилаи Туркия расондаанд. Ин кӯмак аз як теъдод бистараи чирикӣ ё халтаи хоб иборат будааст. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо як ҳайате аз ҳамкорони худ барои дилпурсӣ ва изҳори ҳамдардӣ ба мақарри сафорати Туркия дар Душанбе рафт. “Туркия равобити хеле танготанг ва таърихии беш аз 100-сола бо мардуми Афғонистон дорад ва ҳамеша дар ҳолатҳои мусибат ба кумаки якдигар расидаанд. Мо ҳам бо як кумаки хеле ночиз хостем эҳсосот ва ҳамраъйии мардуми Афғонистонро ба мардуми Туркия баён кунем”, - гуфт Зоҳир Ағбар. Вай афзуд, аз ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе ба осебдидагони Туркия 200 адад бистараи чирикӣ ё халтаи хоб шахсан дар ихтиёри Умут Асар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гузошта шуд.“Мардуми Афғонистон бо вуҷуди дармондагие, ки худ дорад, худро ғамшарики мардуми Туркия меҳисобад”, - гуфт Зоҳир Ағбар. Зилзилаи бесобиқаи шадид дар Туркия то ба ҳол, тибқи иттилои расонаҳои гуногун, ҷони ҳудуди 3500 нафарро гирифта, беш аз 21 ҳазор нафарро низ захмӣ кардааст. Ин заминҷунбӣ инчунин дар Сурия низ садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаст.
https://sputnik.tj/20230207/dushanbe-malum-chand-najotdihanda-turkiya-1054735462.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054760765_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_1ea0ea5f4170a238c024ae43d343c6e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, сафир, афғонистон, осебдидагон, туркия
кумак, сафир, афғонистон, осебдидагон, туркия
“Бистараи чирикӣ”: кӯмаки сафири Афғонистон ба сафорати Туркия
18:35 07.02.2023 (Навсозишуда: 20:44 07.02.2023) Ҳайати дипломатҳои Афғонистон дар Душанбе барои баёни ҳамдардӣ ва расондани кумаки башарӣ ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон рафтаанд
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Гуруҳи дипломатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон кумакашонро ба осебдидагони зилзилаи Туркия расондаанд. Ин кӯмак аз як теъдод бистараи чирикӣ ё халтаи хоб иборат будааст.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо як ҳайате аз ҳамкорони худ барои дилпурсӣ ва изҳори ҳамдардӣ ба мақарри сафорати Туркия дар Душанбе рафт.
“Туркия равобити хеле танготанг ва таърихии беш аз 100-сола бо мардуми Афғонистон дорад ва ҳамеша дар ҳолатҳои мусибат ба кумаки якдигар расидаанд. Мо ҳам бо як кумаки хеле ночиз хостем эҳсосот ва ҳамраъйии мардуми Афғонистонро ба мардуми Туркия баён кунем”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Вай афзуд, аз ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе ба осебдидагони Туркия 200 адад бистараи чирикӣ ё халтаи хоб шахсан дар ихтиёри Умут Асар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гузошта шуд.
“Мардуми Афғонистон бо вуҷуди дармондагие, ки худ дорад, худро ғамшарики мардуми Туркия меҳисобад”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Зилзилаи бесобиқаи шадид дар Туркия то ба ҳол, тибқи иттилои расонаҳои гуногун, ҷони ҳудуди 3500 нафарро гирифта, беш аз 21 ҳазор нафарро низ захмӣ кардааст. Ин заминҷунбӣ инчунин дар Сурия низ садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаст.