https://sputnik.tj/20230208/tedodi-qurboniyoni-zaminlarzai-turkiya-hazor-nafar-1054797963.html
Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия аз 9 ҳазор нафар гузашт
Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия аз 9 ҳазор нафар гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Туркия теъдоди ахири кушташудаҳо, маҷруҳон ва иншооти харобшуда бар асари заминларзаҳои рӯзҳои охир дар ин кишварро эълон кард
2023-02-08T21:39+0500
2023-02-08T21:39+0500
2023-02-08T21:39+0500
дар ҷаҳон
раҷаб тайиб эрдуғон
заминларза
туркия
ҳалок
маҷруҳ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054699073_0:0:2223:1250_1920x0_80_0_0_9fab41e642d027ea7669dc24e8af76bd.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 9057 нафар расид, гуфт раисиҷумҳур, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суханронӣ дар вилояти Хатай.Эрдуғон афзуд, Туркия барои рафъи оқибатҳои заминларза аз беш аз 60 давлати дунё кумак гирифтааст. Ба иттилои раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд.Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома доранд. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод.Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.
https://sputnik.tj/20230208/kam-afghonistoni-turkiya-kushtau-majruh-1054785278.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054699073_0:0:1667:1250_1920x0_80_0_0_053b6a82ae28e77f4cbfc9acb176c5c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омор, охир, қурбониён, заминларза, туркия
омор, охир, қурбониён, заминларза, туркия
Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия аз 9 ҳазор нафар гузашт
Президенти Туркия теъдоди ахири кушташудаҳо, маҷруҳон ва иншооти харобшуда бар асари заминларзаҳои рӯзҳои охир дар ин кишварро эълон кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 9057 нафар расид, гуфт раисиҷумҳур, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суханронӣ дар вилояти Хатай.
"Дар ҳоли ҳозир шумораи кушташудагон 9057 нафар, захмиён 52979 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт ӯ.
Эрдуғон афзуд, Туркия барои рафъи оқибатҳои заминларза аз беш аз 60 давлати дунё кумак гирифтааст. Ба иттилои раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.
Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома доранд. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод.
Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.
Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.