На кам аз 100 афғонистонӣ дар Туркия куштаю маҷруҳ шудаанд

© AP / Mahmut BozarsanРазрушения после землетрясения в турецком Диярбакыре
Разрушения после землетрясения в турецком Диярбакыре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии толибҳо куштаю маҷруҳ шудани шаҳрвандони Афғонистонро дар Туркия таъйид намуда, изҳор дошт, ки эҳтимол ин теъдод афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Миёни куштаю маҷруҳони заминларза дар Туркия на кам аз 100 шаҳрванди Афғонистон мебошанд.
Дар ин бора муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон*, Ҳофиз Зиё Аҳмад, дар суҳбат бо хабаргузории "TOLOnews" иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ин омор боз ҳам бештар шавад, чун теъдоди қурбониёни заминларза соат ба соат афзоиш ёфта истодааст.
Ахиран расонаҳои Афғонистон аз ҳалокати як зодаи музофоти Парвон хабар доданд, ки ҳамроҳи зану духтараш дар Туркия зери харобаҳо ҷон дода, бо гузашти ду рӯз ҷасадашон берун оварда шудааст.
Омори охири дақиқи қурбониёнро президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни мулоқот бо хабарнигорон баён дошт.
Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Хатари зилзилаҳои шадид дар Тоҷикистон: шарҳи президенти Академияи илмҳо
"Тибқи маълумоти охирин, 8 ҳазору 574 нафар кушта ва 49 ҳазору 133 нафар маҷрӯҳ шуданд", - гуфт ӯ дар брифинг.
Ба иттилои раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.
Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома доранд. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6 балл рух дод.
Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.
Лентаи хабарҳо
0