https://sputnik.tj/20230208/najotdihandagon-tojik-turkiya-kumak-1054771129.html
Маълум шуд, ки наҷотдиҳандагони тоҷик кай ба Туркия барои кӯмак мераванд
Маълум шуд, ки наҷотдиҳандагони тоҷик кай ба Туркия барои кӯмак мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ беҳтарин мутахассисонашро барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Туркия равон хоҳад кард
2023-02-08T12:40+0500
2023-02-08T12:40+0500
2023-02-08T12:40+0500
дар тоҷикистон
туркия
кҳф
наҷотдиҳандагон
мутахассисон соҳиби ҷойи кор мешаванд
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806282_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_3847ac27a47440d1c00b129c79efe68b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Мувофиқи нақша имшаб - 8 феврал наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои расонидани кумак ба сокинони зарардида аз заминларзаи маргбори охир ба Туркия мераванд, иттилоъ додааст Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.Ҳамзамон оқои Маҳмадзода қайд кард, ки наҷотдиҳандагон имшаб аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамроҳ бо дигар наҷотдиҳандагони кишвар ба Туркия парвоз кунанд.Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҳашт нафар наҷотдиҳанда ба Туркия фиристода мешаванд.Вай афзуд, ки аз миёни кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҳашт мутахассиси беҳтарин интихоб шудаанд.Ёдовар мешавем, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Туркия ба 5894 нафар расид.Зимнан, дар Сурия 1250 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафар дар ҳар ду кишвар осеб дидаанд.Дар манотиқи харобшуда наҷотдиҳандагони кишварҳои мухталиф кор мекунанд.Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбишҳои замин дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.
https://sputnik.tj/20230208/tojikiston-osebdidagoni-zaminlarza-turkiya-kumak-1054764061.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806282_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_3861980e37912823560ef488b9c337cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, наҷотдиҳандагон, туркия, кӯмак, заминларза, бартарафсозӣ, оқибат, мутахассисон
тоҷикистон, кҳф, наҷотдиҳандагон, туркия, кӯмак, заминларза, бартарафсозӣ, оқибат, мутахассисон
Маълум шуд, ки наҷотдиҳандагони тоҷик кай ба Туркия барои кӯмак мераванд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ беҳтарин мутахассисонашро барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Туркия равон хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Мувофиқи нақша имшаб - 8 феврал наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои расонидани кумак ба сокинони зарардида аз заминларзаи маргбори охир ба Туркия мераванд, иттилоъ додааст Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон оқои Маҳмадзода қайд кард, ки наҷотдиҳандагон имшаб аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамроҳ бо дигар наҷотдиҳандагони кишвар ба Туркия парвоз кунанд.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҳашт нафар наҷотдиҳанда ба Туркия фиристода мешаванд.
Вай афзуд, ки аз миёни кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҳашт мутахассиси беҳтарин интихоб шудаанд.
“Мувофиқи нақша имшаб онҳо барои расонидани кумак ба сокинони зарардида аз заминларзаи охир ба Туркия мераванд. Мақсад кумак расонидан аст. Онҳо то бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар онҷо мемонанд”,- зикр кард Ҷамшед Маҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Туркия ба 5894 нафар расид.
Зимнан, дар Сурия 1250 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафар дар ҳар ду кишвар осеб дидаанд.
Дар манотиқи харобшуда наҷотдиҳандагони кишварҳои мухталиф кор мекунанд.
Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбишҳои замин дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.