https://sputnik.tj/20230126/hajmi-istehsoli-mahsulot-sanoati-khatlon-1054513179.html
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон ба 10,6 млрд сомонӣ расид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон ба 10,6 млрд сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон дар гузориши ахираш хабар додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба соли 2021 яку ним миллиард сомонӣ зиёд шудааст
2023-01-26T19:47+0500
2023-01-26T19:47+0500
2023-01-26T19:47+0500
дар тоҷикистон
хатлон
маҳсулоти саноат
истеҳсол
тавлид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054512515_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_6054d3b1f8014dae7c591df41898641c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 10,6 млрд сомонӣ расида, нисбати соли 2021-ум 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард 59,8 дарсад, истихроҷи маъдан 4,3 дарсад, истеҳсоли нерӯи барқ 35,4 дарсад ва хизматрасонии об 0,5 дарсадро ташкил дод.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соли 2022-ум дар вилоят 128 адад корхона ва коргоҳ таъсис дода шудааст (аз ҷумла корхона ва коргоҳ 106 адад ва коргоҳҳои хурди инфиродӣ 22 адад). Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат 1525 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар гуфт, ки гарчанде соли 2022 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2021-ум 15,4 фоиз зиёд шудааст, аммо барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат сатҳи он бояд боз афзоиш дода шавад.Кишвардори Тоҷикистон ба вазорати саноат супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро дар минтақаҳои кишвар тақвият бахшиданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар чораҷӯӣ намояд.
https://sputnik.tj/20230124/rahmon-kori-vazorat-sanoat-dastur-sherali-kabir-1054448861.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054512515_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_abf2775e73e16614b030a40dd539beb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, истеҳсол, маҳсулоти саноатӣ, вилоят, миллиард, мақомот
тоҷикистон, хатлон, истеҳсол, маҳсулоти саноатӣ, вилоят, миллиард, мақомот
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон ба 10,6 млрд сомонӣ расид
Мақомоти Хатлон дар гузориши ахираш хабар додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба соли 2021 яку ним миллиард сомонӣ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 10,6 млрд сомонӣ расида, нисбати соли 2021-ум 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард 59,8 дарсад, истихроҷи маъдан 4,3 дарсад, истеҳсоли нерӯи барқ 35,4 дарсад ва хизматрасонии об 0,5 дарсадро ташкил дод.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соли 2022-ум дар вилоят 128 адад корхона ва коргоҳ таъсис дода шудааст (аз ҷумла корхона ва коргоҳ 106 адад ва коргоҳҳои хурди инфиродӣ 22 адад). Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат 1525 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар гуфт, ки гарчанде соли 2022 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2021-ум 15,4 фоиз зиёд шудааст, аммо барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат сатҳи он бояд боз афзоиш дода шавад.
Кишвардори Тоҷикистон ба вазорати саноат супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро дар минтақаҳои кишвар тақвият бахшиданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар чораҷӯӣ намояд.