Доруи тоҷикӣ алайҳи коронавирус аз ҷорубак: шарҳи президенти Академияи илмҳо

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавонистаанд ба ихтирои дору алайҳи коронавирус аз гиёҳҳои шифобахши ҷумҳурӣ даст ёбанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон, аз гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла ҷорубак алайҳи COVID-19 дору ихтироъ карда шудаст, хабар дод Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои ҶТ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, пас аз гирифтани патент дар бораи доруи ихтироъшуда муфассал маълумот дода мешавад. Феълан танҳо маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла - растании ҷорубак омода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан низ ба суол дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус гуфт, олимони ҷумҳурӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Чаро бархе ташхисҳои коронавирус дар Тоҷикистон мусбатанд? Вазир гуфт, хатои техникист
"Азбаски дар кишвар озмоишгоҳи муҷаҳҳази вирусологӣ ва штамми ин вирусро надоштем, исбот кардан, ки моддаи мо дар ҳақиқат зидди ин вурус мубориза барад, ё онро нобуд месозад, ғайриимкон аст", - изҳор дошта буд Раҳимӣ.
Вай таъкид намуда буд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани иммунитет мусоидат мекунанд, чун ба гуфтааш дар мубориза бо коронавирус иммунитети баланд муҳим мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон дар кишвар ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Яке аз омилҳои ҷой надоштани коронавирус ба сатҳи баланди ваксинагирӣ рабт дода мешавад, ки барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0