Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Дипломати Русия аз озори ҷисмонии Марат Касем дар маҳбаси Латвия гуфт

© Sputnik / Максим БлиновЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Дипломати баландпояи Русия аз бархӯрди номуносиб бо сардабири боздоштшудаи Sputnik Литва дар маҳбаси Латвия изҳори нигаронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Рӯзноманигор Марат Касем дар зиндони Латвия огоҳона мавриди азоби ҷисмонӣ қарор дода мешавад, изҳор дошт сардори департаменти Вазорати корҳои хориҷии Русия, Сергей Беляев.
Ба гуфтаи Беляев, вазъи сардабири боздоштшудаи Sputnik Литва бад шудаст ва ӯ ба ёрии тиббӣ ниёз дорад.
"Одам худро хуб ҳис намекунад, аммо ёрии тиббӣ ба ӯ расонида намешавад, ба ӯ доруҳои лозима намедиҳанд. Ин аллакай ба категорияи шиканҷа дохил мешавад, чун қасдан ба инсон азоби ҷисмонӣ расонида мешавад", - таъкид намуд дипломати рус.
Қаблан сардабири Sputnik Литва Марат Касем аз маҳбас мактубе навишта, иттилоъ дод, ки мақомоти Латвия ӯро бар асоси 84-и Қонуни ҷиноӣ - "нақзи таҳримоти иқтисодӣ" муттаҳам мекунанд.
Бар асоси иттиҳоме, ки нисбати Марат Касем эълон шудааст, ӯро то 5 соли зиндон ё ҷарима дар ҳаҷми 100 музди моҳона таҳдид мекунад.
Дар пайи боздошти Марат Косим, дар назди сафорати Латвия дар Маскав гирдиҳамоӣ ба ҳимоят аз рӯзноманигор баргузор шуд. Ҷамъомадагон бо шиорҳо дар даст, ҳамраъйияшонро ба Марат Касем баён дошта, озодии ӯро талаб карданд.
Акция в поддержку шеф-редактора Sputnik Литва Марата Касема - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Ҳамоиш дар Маскав бо талаби озодии рӯзноманигор Марат Касем аз маҳбаси Латвия - видео
Мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв низ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат дошт. Вай лавҳае бо навиштаҷоти "Аз рӯзноманигорони Русия даст бардоред" ба даст гирифта, садоро барои озодии Марат Касем баланд кард.
Киселёв боздошти хабарнигорро комилан ғайриқонунию дорои ангезаи сиёсӣ хонда, бозгӯкунандаи адами эҳтиром ба озодии баён донист. Вай таъкид намуд, ки мақомоти Латвия омодаанд, ҳар нафари марбут ба Русияро маҳкум созанд.
Лентаи хабарҳо
0