Ҳамоиш дар Маскав бо талаби озодии рӯзноманигор Марат Касем аз маҳбаси Латвия - видео

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАкция в поддержку шеф-редактора Sputnik Литва Марата Касема
Акция в поддержку шеф-редактора Sputnik Литва Марата Касема - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Обуна шудан
Дар Маскав боздошти сардабири Sputnik Литваро, ки дар нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо муттаҳам мешавад, дорои ангезаи сиёсӣ хонданд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар назди сафорати Латвия дар Маскав гирдиҳамоӣ ба ҳимоят аз сардабири хабаргузории Sputnik Литва, Марат Касем баргузор шуд.
Ҷамъомадагон бо шиорҳо дар даст, ҳамраъйияшонро ба Марат Касем баён дошта, талаби озодии ӯро талаб карданд.
Мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв низ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат дошт. Вай лавҳае бо навиштаҷоти "Аз рӯзноманигорони Русия даст бардоред" ба даст гирифта, садоро барои озодии Марат Касем баланд кард.
"Мо ҷамъ омадаем, ки раҳоии дӯстамонро талаб кунем ва ба ҳама бигӯем: Озодӣ ба Марат Касем", - гуфт Киселёв.
Сармуҳаррири Sputnik Литва Марат Касем, ки ба далоили хонаводагӣ ба охири моҳи декабр ба Латвия рафт, 3 январ боздошт шуда, 5 январ нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шудааст.
Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии Латвия, рӯзноманигор дар нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо муттаҳам мешавад.
Аммо Киселёв боздошти хабарнигорро комилан ғайриқонунию дорои ангезаи сиёсӣ хонда, бозгӯкунандаи адами эҳтиром ба озодии баён донист. Вай таъкид намуд, ки мақомоти Латвия омодаанд, ҳар нафари марбут ба Русияро маҳкум созанд.
Намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова низ боздошти Марат Касимро таъқиб барои фаъолияти касбӣ дониста, онро қасос барои пешниҳоди озодию пешниҳоди воқеият гуфт.
Марат Касем шаҳрванди Латвия буда, чанд сол боз Маскав дар гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", ки Sputnik Литваро низ шомил аст, кору зиндагӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0