https://sputnik.tj/20230208/barrasi-muhojirati-mehnati-tojikiston-qatar-1054764518.html
Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе мақомоти Тоҷикистону Қатар на танҳо дар самти муҳоҷират, балки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон табодули афкор намуданд
2023-02-08T11:40+0500
2023-02-08T11:40+0500
2023-02-08T11:40+0500
қатар
муҳоҷират
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
танзим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054764239_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_6ad2bf01f738c3f9531b185bac09a041.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Масоили муҳоҷирати меҳнатӣ зимни мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баррасӣ шуд.Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварданд.Тибқи иттилои манбаъ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни мулоқот бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар аз фаъолияти вазорат ва сохторҳои он барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёни омода намудани мутахассиони коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ёдовар шуд.Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳо на танҳо дар самти муҳоҷират, балки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон мубодилаи афкор намуданд.Манбаъ ёдовар шудааст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 мебошад.Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар аз ҷараёни таълим дар МД “Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе” боздид карданд.
https://sputnik.tj/20230125/taghyirot-qonunguzori-muhojirat-rusiya-navgoni-1054460871.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054764239_34:0:1854:1365_1920x0_80_0_0_6433cd7ed76a6dc24100a62387faaaf0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, қатар, таҳсилот, табодули афкор, вазири меҳнат
тоҷикистон, муҳоҷират, қатар, таҳсилот, табодули афкор, вазири меҳнат
Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Дар Душанбе мақомоти Тоҷикистону Қатар на танҳо дар самти муҳоҷират, балки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Масоили муҳоҷирати меҳнатӣ зимни мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварданд.
Тибқи иттилои манбаъ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни мулоқот бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар аз фаъолияти вазорат ва сохторҳои он барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёни омода намудани мутахассиони коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ёдовар шуд.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳо на танҳо дар самти муҳоҷират, балки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 мебошад.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар аз ҷараёни таълим дар МД “Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе” боздид карданд.