“Муъҷизаи тухми мурғ”: ҳама чиз рекордӣ - ҳам тавлид ва ҳам нарх

© Sputnik / Юлия Честнова / Гузариш ба медиабонкЯйца. Архивное фото
Яйца. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Обуна шудан
Соли гузашта дар Тоҷикистон тавлиди рекордии тухми мурғ бо болоравии рекордии нархаш ҳамгом буд. Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро фаҳмонд
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Тавлиди тухм дар Тоҷикистон тайи соли гузашта ба 22% афзоиш ёфт, аммо қиматаш қариб ним баробар боло рафт.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2022 дар 218 корхонаи парандапарварии Тоҷикистон 1,2 млрд дона ё 22% зиёд аз соли 2021 тухми мурғ ба даст омадааст, ки беш аз 67,6% эҳтиёҷоти кишварро бароварда мекунад.
Аммо соли гузашта нархи тухм фақат дар давоми як моҳ тағйир хӯрд. Масалан, аз 10 октябр ба 10 ноябри 2022 дар анборҳои умдатарин бозори яклухтфурӯшии шаҳри Душанбе - “Фаровон”, нархи як дона тухм аз 1,13 ба 22,4% ё аз 1,16 то 1,42 сомонӣ боло рафт.
Дар мағозаю марказҳои савдо то ба 1,5 ва дар ҳолатҳои алоҳида ба 1,7 сомонӣ расид.
Выставка сельскохозяйственной продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Ташкили гуруҳи корӣ барои омӯзишу танзими нархи пиёз дар Тоҷикистон
Арзиши аслии як дона тухм дар моҳи ноябри 2022, тибқи маълумоти расмӣ, дар ширкатҳо, масалан, “Тарз” – и шаҳри Ваҳдат ба 0,96 ва “Амина ва К”, “Файздор”, “Байзо” – и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз 0,97 ба 1 сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс бо гузашта 15 ба 22% зиёд ба ҳисоб мерафт.
Тибқи иттилои ширкати “Чӯҷаи заррин”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, моҳи сентябри соли 2022 бо тавлиди 4,5 млн дона бо хароҷоти истеҳсоли 4,58 млн сомониро ташкил дод, ки ба 0,96 сомонӣ сари донаи тухм рост меояд.
Дар ин замина, нархи фурӯши яклухти як дона тухм бо назардошти меъёри 15% фоиданокӣ метавонад аз 1,10 то 1,15 сомониро ташкил диҳад. Бақия харҷе, ки зам мешавад, ба нуқтаҳои савдо ва савдогарони бозор рабт мегирад, ки низ хароҷоти худро доранд.
Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, авомили асосии афзоишёбии нархи тухми мурғ дар бозори истеъмолӣ, яке, талаф ёфтани мурғони тухмдеҳ ва дигаре, болоравии нархи хӯроки парранда мебошад, ки аз хориҷ (95% аз Қазоқистон, Русия, Аврупо, Амрикои Лотин) ворид мешавад.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби поинравии нархи гази моеъро гуфт
Ба гунаи мисол, агар нархи як кило хӯроки омехтаи парранда дар солҳои 2020-2021 аз 3,4 то 3,8 сомониро ташкил медод, ин нишондод дар соли 2022 ба 5,4 сомонӣ расид.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, дар сохтори таркибии як кило хӯроки омехтаи парранда аз 55 то 60% - ро гандум ташкил мекунад, ки дар ин замина тағйирёбии бесобиқаи нархи гандум ба болоравии нархи тухм дар соли гузашта мусоидат кард.
Тибқи иттилои расмӣ, аввали соли 2022 агар як тон гандуми Қазоқистон 280-290 доллар сари тон ҳисобӣ мешуд, аммо ин рақам дар моҳи июл ба 403 доллар баробар шуд ва айни замон ба ҳадди 300-305 доллар сари тон пойин омадааст.
Оё имкон надорад, ки баробари пойинравии қимати гандум (60% аз арзиши аслӣ) дар қимати тухм низ тағйир хоҳад омад? Ҳоло нархи як дона тухми мурғ дар корхонаҳои парандапарварӣ аз 1,5 то ба 1,2 сомонӣ ва дар бозорҳои истеъмолӣ аз 1,65 -1,7 ба 1,40-1,50 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Мутахассисони соҳа инро пешгӯӣ мекунанд, ки нархи тухм то охири моҳи декабри соли равон ба эътидол даромада, арзиши як адади он ба 1,2 – 1,4 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0