Ташкили гуруҳи корӣ барои омӯзишу танзими нархи пиёз дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВыставка сельскохозяйственной продукции
Выставка сельскохозяйственной продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Обуна шудан
Мушкили камбуду гаронии нархи пиёз, ки қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро дар фасли сармо фаро гирифт, ба номусоидии боду ҳаво рабт дорад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Нархи пиёз дар Тоҷикистон танзим шуда, феълан бо нархи 3,5 - 4 сомонӣ сари ҳар кило дар бозорҳо дастрас мебошад.
Ин нуктаро сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай эътироф кард, ки охири соли гузашта нархи як кило пиёз аз 2,5 - 3 сомонӣ якбора ба 7- 8 сомонӣ боло рафт.
Ба гуфтаи Муминзод, дар пайи болоравии нархи пиёз ин ниҳод гуруҳи корӣ ташкил карда, барои омӯзиши сабабҳо ба минтақаҳо сафарбар намуд.
Муайян шудааст, сабаби асосии болоравии нархҳо ин боду ҳаво мебошад, ки яклухтфурӯшҳо натавонистаанд, саривақт пиёзро дастрас кунанд. Муминзод тавзеҳ дод, ки пиёз ба марказ асосан аз вилояти Суғд оварда мешавад, ки ба далели роҳбандӣ мутаваққиф шуд.
Ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
“Тоҷикматлубот” талафи захира ва болоравии нарх дар бозорҳоро шарҳ дод
Қаблан муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Хатлон, Акмал Иброҳимиён, сабаби аслии болоравии нархи пиёз дар бозорҳоро ин кам корида шудани ин навъи сабзавот дар вилоят гуфт.
Ба гуфти ӯ, ба сабаби арзон будани нархи пиёз солҳои 2020-2021 деҳқонон ба ин навъи сабзавот камтар таваҷҷуҳ кардаанд.
"Соли 2022 дар вилояти Хатлон 1047 гектар камтар пиёз кишт шуд. Сабаби дигараш баланд будани нархи нуриҳои минералӣ ва сӯзишврӣ буд", - гуфт Иброҳимиён.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои эътидоли нархҳо содироти пиёз, картошка ва сабзӣ аз кишвар мутаваққиф карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0