Дар соли 2023 ба Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ кӣ кумак хоҳад кард

Обуна шудан
Бо вуҷуди пардохти қариб 1 млрд доллари амрикоӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон дар 3 соли оянда, интизор меравад, ки ҳаҷми он аз ҳадди 4 млрд доллар кам нахоҳад шуд
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 афзоиш ёфта, интизор меравад, ки ба ҳолати охири сол аз ҳадди 4 млрд доллари амрикоӣ бештар шавад.
Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд.
Танҳо бо пули буҷа рушд намешавад: Вазири молия дар бораи зарурати қарзгирӣ
Тибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 325 доллар қарздор аст
Аз ҷумла соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар муқаррар гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0