https://sputnik.tj/20230207/tasisi-bunyod-sarmoyaguzori-tojikiston-rusiya-1054735087.html
Таъсиси бунёди сармоягузории Тоҷикистону Русия
Таъсиси бунёди сармоягузории Тоҷикистону Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти кишвар ахиран масъалаҳои ҷалби сармояи Русия ба Тоҷикистон ва таъсиси фонди сармоягузории муштарак баррасӣ шуд
2023-02-07T14:33+0500
2023-02-07T14:33+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
сармоягузорӣ
иқтисод
ҷалб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054734927_0:125:1201:800_1920x0_80_0_0_d996866035da8b2b9592c0284706030f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Масъалаи таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ахиран дар шаҳри Душанбе зимни гуфтугӯи раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Русия баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумитаи сармоягузорӣ.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин музокирот ҳамчунин масъалаи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст баррасӣ гардид.Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид.Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин дидор масъалаҳои ҷалби сармоя аз Русия ба Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.Манбаъ хабар додааст, ки дар ин гуфтугӯҳои ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20230205/rusiya-avrupo-ifrotgaroyon-quron-suzondand-jazo-dihad-1054688561.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054734927_24:0:1091:800_1920x0_80_0_0_c5fa2834efb32878ceb7d88f3cdeed14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи сармоягузорӣ, сармоя, бунёд, фонд, таъсис, русия, ҳамкорӣ
тоҷикистон, кумитаи сармоягузорӣ, сармоя, бунёд, фонд, таъсис, русия, ҳамкорӣ
Таъсиси бунёди сармоягузории Тоҷикистону Русия
14:33 07.02.2023 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Дар пойтахти кишвар ахиран масъалаҳои ҷалби сармояи Русия ба Тоҷикистон ва таъсиси фонди сармоягузории муштарак баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Масъалаи таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ахиран дар шаҳри Душанбе зимни гуфтугӯи раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Русия баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумитаи сармоягузорӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин музокирот ҳамчунин масъалаи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст баррасӣ гардид.
Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин дидор масъалаҳои ҷалби сармоя аз Русия ба Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин гуфтугӯҳои ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.