Сабукӣ ба донишҷӯёни тоҷик барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ

Открытие новой казармы в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар мавсимҳои охири даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ раванди ҷалби донишҷӯён бо пешниҳоди бархе сабукиҳо густариш ёфта истодааст
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ният дорад, донишҷӯёнеро, ки ба сафи артиш мепайванданд, аз пардохти ҳаққи таҳсил озод кунанд.
Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Аюб Ислом Усмонзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ректори ДДХ дар даъвати баҳорӣ 328 нафар ва дар тирамоҳ 150 нафар донишҷӯён довталаби пайвастан ба сафи артиши Тоҷикистон шуданд.
"Мо нақшаи чорабинӣ тартиб додаем ва агар он аз ҷониби Шӯрои олимон дастгирӣ ёбад, роҳбарият 50% ва ҳатто 100% донишҷӯёнеро, ки хоҳиши хидмат карданро доранд, аз пардохти таҳсил озод мекунад", - афзуд Усмонзода.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Нархи хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Ин иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ҳолест, ки дар мавсими баҳории даъвати ҳарбӣ дар соли гузашта донишҷӯён аз муассисаҳои гуногуни таълимӣ ба хидмати ҳарбӣ равона гардиданд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.
Даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду мавсим сурат мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон аз оғози апрел то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0