https://sputnik.tj/20230207/maqomot-sugd-sinu-soli-giriftoron-virus-bhmo-1054737900.html
Мақомоти Суғд сину соли аксари гирифторон ба вируси BHMO-ро эълон кард
Мақомоти Суғд сину соли аксари гирифторон ба вируси BHMO-ро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд
2023-02-07T16:15+0500
2023-02-07T16:15+0500
2023-02-07T16:15+0500
дар тоҷикистон
вируси нав
сироят
гирифторони вич
тандурустӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102403/99/1024039988_0:0:1106:622_1920x0_80_0_0_d1109db634d6104011eefd48251e51e9.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Айни замон дар вилояти Суғд 3457 нафар мубталоёни Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ.Тибқи иттилои масъулини ҳамин ниҳоди давлатӣ дар вилояти Суғд дар соли гузашта 229 нафар бо сироя ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта як ҳодиса зиёдтар мебошад.Ин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар соли 2021 228 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда буд.ҲАмзамон манбаъ хабар додааст, ки гирифторони бештар ба ВНМО сину солашон аз 30 то 49-соларо дарбар мегирад.Қайд карда шудааст, ки роҳҳои гузариш 93,9 дарсад ҳолат алоқаи ҷинсӣ мебошад.Ёдовар мешавем қаблан мақомоти вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар 9 моҳи соли гузашта 37 нафар сироятёфта фавтид.Ҳамзамон тибқи иттилои ҳамин манбаъ дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар байни занони қобили таваллуд 63 607 ташхиси ВНМО бо усули тести оҷилӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 9 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуда буд.Дар ҳамин вақт 39 нафар зани ҳомилаи сироятёфта таваллуд намудаанд, ки аз ин ҳисоб 15 нафар дар соли 2021 ба қайд гирифта шуда буданд.
https://sputnik.tj/20230207/afzoish-bemoroni-farbehi-navrason-kudakon-sugd-1054736384.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102403/99/1024039988_139:0:968:622_1920x0_80_0_0_b12bc956e5ee9e456c925338eaa7fb37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гирифторон, вируси bhmo, сабт, алоқа, ҷинсӣ, тандурурстӣ
тоҷикистон, гирифторон, вируси bhmo, сабт, алоқа, ҷинсӣ, тандурурстӣ
Мақомоти Суғд сину соли аксари гирифторон ба вируси BHMO-ро эълон кард
Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Айни замон дар вилояти Суғд 3457 нафар мубталоёни Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи иттилои масъулини ҳамин ниҳоди давлатӣ дар вилояти Суғд дар соли гузашта 229 нафар бо сироя ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта як ҳодиса зиёдтар мебошад.
Ин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар соли 2021 228 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда буд.
ҲАмзамон манбаъ хабар додааст, ки гирифторони бештар ба ВНМО сину солашон аз 30 то 49-соларо дарбар мегирад.
Қайд карда шудааст, ки роҳҳои гузариш 93,9 дарсад ҳолат алоқаи ҷинсӣ мебошад.
Ёдовар мешавем қаблан мақомоти вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар 9 моҳи соли гузашта 37 нафар сироятёфта фавтид.
Ҳамзамон тибқи иттилои ҳамин манбаъ дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар байни занони қобили таваллуд 63 607 ташхиси ВНМО бо усули тести оҷилӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 9 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуда буд.
Дар ҳамин вақт 39 нафар зани ҳомилаи сироятёфта таваллуд намудаанд, ки аз ин ҳисоб 15 нафар дар соли 2021 ба қайд гирифта шуда буданд.