Бозӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ оғоз шуд: Тими Тоҷикистон дастаи Озарбойҷонро шикаст дод

© Дафтари матбуоти ФФТТими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Обуна шудан
Тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар риштаи футбол аввалин ғалабаи худро дар машқҳои дастаҷамъии Туркия ба даст овард
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев тими ҷавонони Озарбойҷонро шикаст дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо тими Озарбойҷон да доираи бозиҳои санҷишӣ баргузор гардида, бо пирӯзии ҷавонони тоҷик бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
"Пеш аз оғози бозии дӯстона дастаҳо ба хотираи қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия дақиқаи хомӯширо риоя карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар давоми бозӣ аз ҳайати дастаи Тоҷикистон, легионерҳо Салам Ашӯрмамадов ва Алиҷони Айнӣ тавонистаанд, ки ба дарвозаи ҳариф гол кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) вохӯрӣ бо дастаи Озарбойҷон чаҳорумин рақобат дар ҷамъомади тамринии Анталия мебошад.
Қаблан ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ироқ вориди майдон шуданд, ки бозӣ бидуни голе бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Сабқат бо бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон низ мусовӣ бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.
Футбольный матч Таджикистан - Россия (U17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Зӯрозмоии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистону Русия мусовӣ анҷом ёфт
Дар бози сеюми санҷишӣ, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон аз тими бошгоҳи "Бухоро" бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Роҳбарии тими Тоҷикистонро мутахассиси маъруфи беларусӣ Олег Кубарев ба уҳда дорад, ки охири соли 2022 ба мақоми сармураббии нави мунтахаби ҷавонон таъйин гардид. Кубарев дар ин вазифа Аҳлиддин Турдиевро иваз кард, ки ба кори дигар гузашт.
Лентаи хабарҳо
0