Зӯрозмоии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистону Русия мусовӣ анҷом ёфт

© Фото : Белорусская федерация футболаФутбольный матч Таджикистан - Россия (U17)
Футбольный матч Таджикистан - Россия (U17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023"-ро аз сабқат бо ҳамсолон аз Русия оғоз кард
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сабқати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 бо ҳамсолонашон аз Русия дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Тибқи иттилои ФФТ, голи ҷониби Тоҷикистонро Раббонӣ Камолов ба ҳадаф расонд.
Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд - 2023" дар Минск оғоз шуда, дар даври навбатӣ рӯзи 7 феврал наврасони тоҷик бо тими мизбон ва 9 феврал бо тими Эрон вориди майдон хоҳад шуд.
Дар "Ҷоми рушд-2023", ки то 11 феврал давом мекунад, дар маҷмуъ 8 даста ширкат мекунад.
Юные футболисты НУР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Дар макотиби чор шаҳри Тоҷикистон синфҳои махсуси футбол ташкил мешаванд
Тими Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунад. Дар чаҳоргонаи "А" дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) зӯрозмоӣ мекунанд.
Бар асоси низомнома, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш дар назаранд.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов бо худ 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0