https://sputnik.tj/20230206/jalbi-korgaron-sokhtmon-nbo-rogun-sitod-vizha-1054707764.html
Барои ҷалби коргарон ба сохтмони НБО “Роғун” ситоди вижа ташкил шуд
Барои ҷалби коргарон ба сохтмони НБО “Роғун” ситоди вижа ташкил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сиитоди мазкур бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба корҳои сохтмонӣ дар ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст
2023-02-06T15:00+0500
2023-02-06T15:00+0500
2023-02-06T15:00+0500
дар тоҷикистон
энергетика
шуғл
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
ситод
вижа
ташкил
ҷалб
коргарон
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/30/1026303034_0:600:5760:3840_1920x0_80_0_0_288250ead8936b3e7cdf285c692a5641.jpg
ДУШАНБЕ, 6 февр – Sputnik. Ахиран дар Душанбе таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” бо кадрҳои коргарӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матббуоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.Ба иттилои манбаъ ин ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” баргузор гардидаст.“Ситоди мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст”,- хабар дод манбаъ.Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои вазорат дар бораи талаботи корфармоёни ҶСК “НБО Роғун” шароити кор ва имкониятҳои ҷалби кормандон, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ихтисосҳои мавриди талабот дар заминаи корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти мазкур, баргузор намудани ярмаракаҳои муштараки ҷойҳои кории холии пешниҳодҳо намуданд.Дар ҳамин ҳол, раиси ситод Гулнора Ҳасанзода сохторҳои вазоратро барои бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ширкатҳои сохтмонии ҶКС “НБО Роғун" муваззаф намуда, барои ташкили таҷрибаомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи корхонаву муассисаҳои ҶСК “НБО Роғун” ва минбаъд бокортаъминкунии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.Қарор аст, ҷаласаҳои ситод мунтазам баргузор гардида, ситодҳои вилоятӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Ситоди марказӣ маълумот пешниҳод намоянд.
https://sputnik.tj/20230130/anjom-sokhtmon-roghun-konsorqium-tasis-1054579029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/30/1026303034_373:0:5493:3840_1920x0_80_0_0_aed72f061be61bc838d5c7e04a385c0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо роғун, ситоди вижа, шаҳрвандон, сохтмон, тақвият, ташкил, ҷалб коргарон
тоҷикистон, нбо роғун, ситоди вижа, шаҳрвандон, сохтмон, тақвият, ташкил, ҷалб коргарон
Барои ҷалби коргарон ба сохтмони НБО “Роғун” ситоди вижа ташкил шуд
Сиитоди мазкур бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба корҳои сохтмонӣ дар ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 6 февр – Sputnik. Ахиран дар Душанбе таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” бо кадрҳои коргарӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матббуоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ба иттилои манбаъ ин ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” баргузор гардидаст.
“Ситоди мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст”,- хабар дод манбаъ.
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои вазорат дар бораи талаботи корфармоёни ҶСК “НБО Роғун” шароити кор ва имкониятҳои ҷалби кормандон, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ихтисосҳои мавриди талабот дар заминаи корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти мазкур, баргузор намудани ярмаракаҳои муштараки ҷойҳои кории холии пешниҳодҳо намуданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ситод Гулнора Ҳасанзода сохторҳои вазоратро барои бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ширкатҳои сохтмонии ҶКС “НБО Роғун" муваззаф намуда, барои ташкили таҷрибаомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи корхонаву муассисаҳои ҶСК “НБО Роғун” ва минбаъд бокортаъминкунии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Қарор аст, ҷаласаҳои ситод мунтазам баргузор гардида, ситодҳои вилоятӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Ситоди марказӣ маълумот пешниҳод намоянд.