https://sputnik.tj/20230130/anjom-sokhtmon-roghun-konsorqium-tasis-1054579029.html
Барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” консорcиум таъсис дода мешавад
Барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” консорcиум таъсис дода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар талоши ҷалби сармояи хориҷӣ барои анҷом додани сохтмони НБО “Роғун” мебошад ва ба ҳамин хотир як консорсиум таъсис дода медиҳад
2023-01-30T16:10+0500
2023-01-30T16:10+0500
2023-01-30T16:15+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нбо "роғун"
сармоя
ҷалб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/41/1026304192_0:75:3697:2154_1920x0_80_0_0_457909c64911fc491f75f728bfefa8fe.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Барои ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” консорсиум таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.Вай дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, қарор аст, як консорсиуми шабеҳи тарҳи CASA-1000, ки аз сӯи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ маблағгузорӣ шудааст, таъсис дода шавад.Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида намояндагӣ мекунанд, музокирот идома дорад.“Барои анҷом додани сохтмон сармояи калон лозим аст, аз ин рӯ маблағҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла, аллакай 15 миллион доллар ҳамчун кумаки техникӣ барои тарҳи нерӯгоҳи Роғун ҷудо шудааст”, - гуфт Далер Ҷумъа.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта барои сохтмони ин иншооти бузурги энержӣ аз буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо шуда буд. Дар охири худи ҳамин сол ба таври иловагӣ боз 200 миллион сомонии дигар ҷудо карда шуд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли ҷорӣ барои амали шудани ин лоиҳа аз буҷети давлатӣ 3 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад имсол ҳудуди 314 миллион евро ҷалб намояд.Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо на аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок (евробонд), балки ҳамчун қарзе, ки бо фоизҳои қобили қабул дода мешаванд, ба сохтмони иншоот ҷалб карда мешаванд.Дар аввали соли равон иттилоъ дода шуда буд, ки мақомоти Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 65 миллион доллари изофӣ дарёфт кардаанд.Ин маблағро ба Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо кардааст.Корҳои сохтмонии НБО “Роғун” соли 2008 аз сар гирифта шуд. Он замон анҷоми сохтмони ин иншоот 3 миллиард доллар арзёбӣ шуда буд, ки ҳоло ба гуфтаи вазорати энергетикаи ин маблағ 5 миллиард доллар расидааст.
https://sputnik.tj/20221225/qarori-hukumat-pul-roghun-1053776209.html
https://sputnik.tj/20221124/hukumati-tojikiston-baroi-sokhtmoni-nbo-roghun-20-mln-dollari-digar-ikhtisos-dod-1053044932.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/41/1026304192_73:0:3348:2456_1920x0_80_0_0_96d152368fd4b26cf32b9380ef5f128f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо, роғун, сохтмон, лоиҳа, ҷалб, сармоя, хориҷӣ
тоҷикистон, нбо, роғун, сохтмон, лоиҳа, ҷалб, сармоя, хориҷӣ
Барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” консорcиум таъсис дода мешавад
16:10 30.01.2023 (Навсозишуда: 16:15 30.01.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар талоши ҷалби сармояи хориҷӣ барои анҷом додани сохтмони НБО “Роғун” мебошад ва ба ҳамин хотир як консорсиум таъсис дода медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Барои ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” консорсиум таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Вай дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, қарор аст, як консорсиуми шабеҳи тарҳи CASA-1000, ки аз сӯи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ маблағгузорӣ шудааст, таъсис дода шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида намояндагӣ мекунанд, музокирот идома дорад.
“Барои анҷом додани сохтмон сармояи калон лозим аст, аз ин рӯ маблағҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла, аллакай 15 миллион доллар ҳамчун кумаки техникӣ барои тарҳи нерӯгоҳи Роғун ҷудо шудааст”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта барои сохтмони ин иншооти бузурги энержӣ аз буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо шуда буд. Дар охири худи ҳамин сол ба таври иловагӣ боз 200 миллион сомонии дигар ҷудо карда шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли ҷорӣ барои амали шудани ин лоиҳа аз буҷети давлатӣ 3 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад имсол ҳудуди 314 миллион евро ҷалб намояд.
Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо на аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок (евробонд), балки ҳамчун қарзе, ки бо фоизҳои қобили қабул дода мешаванд, ба сохтмони иншоот ҷалб карда мешаванд.
Дар аввали соли равон иттилоъ дода шуда буд, ки мақомоти Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 65 миллион доллари изофӣ дарёфт кардаанд.
Ин маблағро ба Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо кардааст.
Корҳои сохтмонии НБО “Роғун” соли 2008 аз сар гирифта шуд. Он замон анҷоми сохтмони ин иншоот 3 миллиард доллар арзёбӣ шуда буд, ки ҳоло ба гуфтаи вазорати энергетикаи ин маблағ 5 миллиард доллар расидааст.