https://sputnik.tj/20221023/kashf-majmaa-bostoni-khonaqohi-hisor-1052373997.html
Кашфи маҷмааи бостонӣ дар Хонақоҳи Ҳисор
Кашфи маҷмааи бостонӣ дар Хонақоҳи Ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
Анҷом ёфтани пажуҳиш ва бақайдгирии ёдгории тозакашф саҳми муносибе дар омӯзиш, ҳифз ва таҳкими таъриху фарҳанги миллии Тоҷикистон арзёбӣ шудаст
2022-10-23T19:00+0500
2022-10-23T19:00+0500
2022-10-23T19:00+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳаҷм
кашф
бостоншиносӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/74/1029267490_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e9b28a9947c5a4c4abd0a098f7145c36.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар болооби дарёи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор маҷмааи бостонӣ кашф гардид, хабар дод "Ховар" аз қавли Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, маҷмааи бостонӣ Хоҷа Муфарраҷ ном дошта, дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастоварди нодири таърихию фарҳангӣ маҳсуб мешавад."Мавриди зикр аст, ки кашфиёти маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ дастоварди нодир дар илми бостоншиносии миллӣ буда, тайи даҳсолаҳои охир чунин бозёфти дорои аҳамияти байналмилалӣ дар минтақа ба қайд гирифта нашуда буд", - омадааст дар иттилоия. Тавзеҳ дода шудаст, ки ёдгории бостонии Хоҷа Муфарраҷ дорои хусусияти нодири бостоншиносӣ, эпиграфӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ мебошад. Бо такя ба таҳқиқҳои аввалиндараҷа иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ аз ҷузъҳои бостонӣ-тасвирҳои рӯисангӣ; меъморӣ, қалъа ва манора иборат мебошад. Бо такя ба луғатномаҳо тафсир шудааст, ки вожаи муфарраҷ исми макон буда, ба маънои ҷой ва макони шодиву сурур мебошад.Сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев таъкид намудаст, ки ёдгории тозакашф аз рӯи таркиб, ҳаҷм, иқтидор, мавқеъ ва шукӯҳу шаҳомат яке аз истеҳкомҳои муқтадиртарин дар минтақа ба шумор рафта, амсоли он то ба имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Маҷмааи мазкур дар пайвасти шабакаи гузаргоҳҳои шимолӣ ва ҷанубии Роҳи бузурги абрешим бевосита мавқеи хосса дорад, афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20211209/bostonshinoson-tojikiston-bozyoft-1044037490.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/74/1029267490_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_3d5bb308d6191c57b9771e2aa03a0843.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кашфиёт, бостоншиносӣ, ҳисор
кашфиёт, бостоншиносӣ, ҳисор
Кашфи маҷмааи бостонӣ дар Хонақоҳи Ҳисор
Анҷом ёфтани пажуҳиш ва бақайдгирии ёдгории тозакашф саҳми муносибе дар омӯзиш, ҳифз ва таҳкими таъриху фарҳанги миллии Тоҷикистон арзёбӣ шудаст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар болооби дарёи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор маҷмааи бостонӣ кашф гардид, хабар дод "Ховар" аз қавли Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, маҷмааи бостонӣ Хоҷа Муфарраҷ ном дошта, дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастоварди нодири таърихию фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
"Мавриди зикр аст, ки кашфиёти маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ дастоварди нодир дар илми бостоншиносии миллӣ буда, тайи даҳсолаҳои охир чунин бозёфти дорои аҳамияти байналмилалӣ дар минтақа ба қайд гирифта нашуда буд", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудаст, ки ёдгории бостонии Хоҷа Муфарраҷ дорои хусусияти нодири бостоншиносӣ, эпиграфӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ мебошад.
Бо такя ба таҳқиқҳои аввалиндараҷа иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ аз ҷузъҳои бостонӣ-тасвирҳои рӯисангӣ; меъморӣ, қалъа ва манора иборат мебошад.
Бо такя ба луғатномаҳо тафсир шудааст, ки вожаи муфарраҷ исми макон буда, ба маънои ҷой ва макони шодиву сурур мебошад.
Сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев таъкид намудаст, ки ёдгории тозакашф аз рӯи таркиб, ҳаҷм, иқтидор, мавқеъ ва шукӯҳу шаҳомат яке аз истеҳкомҳои муқтадиртарин дар минтақа ба шумор рафта, амсоли он то ба имрӯз ба қайд гирифта нашудааст.
Маҷмааи мазкур дар пайвасти шабакаи гузаргоҳҳои шимолӣ ва ҷанубии Роҳи бузурги абрешим бевосита мавқеи хосса дорад, афзуд ӯ.