Сафари русиягиҳо ба Тоҷикистон рекордӣ шуд

© PixabayГорный турист
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Шумораи шаҳрвандони Русия, ки дар 12 моҳи соли 2022 аз Русия боздид кардаанд, дар қиёс бо нишондоди соли пешӣ беш аз 212% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Беш аз 306 ҳазор русиягӣ дар соли 2022 аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Дар ин бора мақомоти сарҳадии Хадамоти амнияти федералӣ, ФСБ-и Федератсияи Русия иттилоъ додаст.
Тибқи иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия, шумори умумии шаҳрвандони кишвар, ки дар 12 моҳи соли 2022 вориди Тоҷикистон шудаанд, аз 306 ҳазор нафар гузашт, ки нисбат ба соли пешь 212% бештар аст.
Манбаъ таъкид кардаст, ки аз ин шумора беш аз 24 ҳазор нафараш туризмро ҳадафи сафар нишон додаанд.
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Фаъолияти 41 ширкати сайёҳӣ дар вилояти Суғд
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон эълон кард, ки соли 2022 ҳудуди як миллион сайёҳ аз кишвар дидан кардааст.
“Аз ин нишондиҳанда аз давлатҳои ИДМ 950,1 ҳазор нафар ва аз давлатҳои хориҷи дур 49,2 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардиданд. Дар маҷмуъ дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд”, - иттилоъ дод Кумита.
Ин ниҳод шумораи сайёҳонеро, ки аз Русия ворид шуданд, беш аз 136 ҳазор нафар гуфт, ки нисбати соли 2021-ум 3,3 маротиба зиёд аст,.
Тибқи иттилои Кумита шаҳрвандони хориҷӣ асосан ба ҳайси сайёҳ аз Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Туркия, ИМА, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Олмон ва аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Лентаи хабарҳо
0