https://sputnik.tj/20230122/vokunishi-tolibh-patriarkhati-maskav-quron-1054401660.html
Аз вокуниши толибҳо то патриархати Маскав ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия
Аз вокуниши толибҳо то патриархати Маскав ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия
Sputnik Тоҷикистон
Масъули робита бо ҷомеаи патриархати Маскав қуръонсӯзиро вандализм хонда, таъкид намудаст, ки набояд ба чизе, ки барои дигарон муқаддас аст, туф кард
2023-01-22T16:30+0500
2023-01-22T16:30+0500
2023-01-22T16:43+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
қуръон
шветсия
толибон
маскав
туркия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/16/1054401295_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_e74af3917d78c2068f3703b5112f9836.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард. Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонда, дар ҷавоби беадабӣ эътироз барпо карданд. "Шабе мо ногаҳон ба Стокҳолм меоем!", - шиор доданд эътиозгарон. Вазорати умури хориҷии толибҳо низ бо нашри як изҳорот сӯзондани Қуръонро маҳкум карда, онро иғвоангезӣ хондааст. Толибҳо аз Стокҳолм талаб кардаанд, ки омилони ин қазияро муҷозот кунад. Раиси бахши равобити бо ҷомеа ва расонаҳои патриархати Маскав, Владимир Легойда сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ифротгарои ростгарои Шветсияро "амали вандализми ғайриқобили қабул" номид. "Наметавон ба чизе туф кард, ки барои шахси дигар муқаддас аст. Дар муборизаи сиёсӣ аз марзи башарият убур карда, муқаддасоти мазҳабиро таҳқир кардан мумкин нест", - таъкид намудаст Легойда дар саҳифааш дар "Telegram". Маврид ба зикр аст, ки ахиран як сиёсатмадори радикали ростгарои аврупоӣ ва раҳбари ҳизби "Муомилаи сахт" Расмус Палудан китоби муқаддасро дар назди сафорати Туркия сӯзонд. Ӯ ба ин иқдом зимни ҳамоише даст зад, ки барои баргузории он дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия иҷозат дошт.
https://sputnik.tj/20220729/kreml-shvetsiya-finlandiya-nato-1050353044.html
шветсия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/16/1054401295_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_281b79abcf2296d28f84c06e124bda8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, анқара, кобул, сӯзондан, қуръон
вокуниш, анқара, кобул, сӯзондан, қуръон
Аз вокуниши толибҳо то патриархати Маскав ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия
16:30 22.01.2023 (Навсозишуда: 16:43 22.01.2023) Масъули робита бо ҷомеаи патриархати Маскав қуръонсӯзиро вандализм хонда, таъкид намудаст, ки набояд ба чизе, ки барои дигарон муқаддас аст, туф кард
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.
Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонда, дар ҷавоби беадабӣ эътироз барпо карданд. "Шабе мо ногаҳон ба Стокҳолм меоем!", - шиор доданд эътиозгарон.
Вазорати умури хориҷии толибҳо низ бо нашри як изҳорот сӯзондани Қуръонро маҳкум карда, онро иғвоангезӣ хондааст. Толибҳо аз Стокҳолм талаб кардаанд, ки омилони ин қазияро муҷозот кунад.
Раиси бахши равобити бо ҷомеа ва расонаҳои патриархати Маскав, Владимир Легойда сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ифротгарои ростгарои Шветсияро "амали вандализми ғайриқобили қабул" номид.
"Наметавон ба чизе туф кард, ки барои шахси дигар муқаддас аст. Дар муборизаи сиёсӣ аз марзи башарият убур карда, муқаддасоти мазҳабиро таҳқир кардан мумкин нест", - таъкид намудаст Легойда дар саҳифааш дар "Telegram".
Маврид ба зикр аст, ки ахиран як сиёсатмадори радикали ростгарои аврупоӣ ва раҳбари ҳизби "Муомилаи сахт" Расмус Палудан китоби муқаддасро дар назди сафорати Туркия сӯзонд.
Ӯ ба ин иқдом зимни ҳамоише даст зад, ки барои баргузории он дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия иҷозат дошт.