https://sputnik.tj/20230204/eron-zanon-sarpechi-pushidan-hijob-mujozot-1054681801.html
Эрон мехоҳад занонро барои сарпечӣ аз пӯшидани ҳиҷоб муҷозот кунад
Эрон мехоҳад занонро барои сарпечӣ аз пӯшидани ҳиҷоб муҷозот кунад
Sputnik Тоҷикистон
Эрон қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он дастрасии заноне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб сарпечӣ мекунанд, хидматрасониҳои иҷтимоӣ барои онҳо манъ мешавад 04.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-04T10:30+0500
2023-02-04T10:30+0500
2023-02-04T10:30+0500
осиёи марказӣ
эрон
иҷтимоъ
ҳиҷоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102286/87/1022868766_0:0:4256:2395_1920x0_80_0_0_e33ca7b706a9b17ddb8572dba142849e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Парлумони Эрон тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки аз ироаи хадамоти иҷтимоъӣ ба заноне, ки ҳиҷоб намепӯшанд, ҷилавгирӣ мекунад. Дар ин бора Мӯсо Ғазанфарободӣ, раиси кумиссиюни қазоӣ ва ҳуқуқии парлумони Эрон хабар дод."Ҳоло мисли пештара лоиҳаи қонун оид ба назорати риояи ҳиҷоб дар мошинҳо таҳия шуда истодааст. Илова бар ин, ба наздикӣ лоиҳаи қонун низ қабул мешавад ва барномае амал мекунад, ки тибқи он мо бо истифода аз системаҳои назорати видеоӣ занонеро, ки дар гузаргоҳҳои пиёдагард ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯсарӣ намепӯшанд, муайян мекунем", - афзудааст Ғазанфарободӣ.Ба таъкиди ӯ, барои ин қабил занон хидматрасонии иҷтимоӣ расонида намешавад.Мӯсо Ғазанфарободӣ илова намуд, ки дар марҳилаи аввал қонуншикан бо паёмак огоҳӣ мегирад ва дар марҳилаи дуввум ҷарима мешавад. "Корти миллии ӯ (дар Эрон ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аст) то пардохти ҷарима баста мешавад, аз ин рӯ вай наметавонад аз ҳеҷ гуна хадамоти иҷтимоӣ истифода кунад", қайд намуд намояндаи парлумони Эрон.Таҳияи тарҳи муҷозот барои напӯшидани ҳиҷоб ба ошӯбҳо ва эътирозҳое марбут аст, ки дар моҳи сентябри соли 2022 дар иртибот бо марги Маҳсо Амин оғоз шуд. Маҳсо пас аз боздшт шудан аз сӯи кормандони пулис ҷон бохт. Шаҳрвандони Эрон мақомотро дар марги духтар айбдор карданд. Занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро бурида ва ҳиҷобро сӯзондаанд.
https://sputnik.tj/20221203/oshubho-eron-kushta-shudand-1053253608.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102286/87/1022868766_480:0:4256:2832_1920x0_80_0_0_a710799de8b6be71cb7f24605e51cbb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, эрон, иҷтимоъ, ҳиҷоб
осиёи марказӣ, эрон, иҷтимоъ, ҳиҷоб
Эрон мехоҳад занонро барои сарпечӣ аз пӯшидани ҳиҷоб муҷозот кунад
Эрон қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он дастрасии заноне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб сарпечӣ мекунанд, хидматрасониҳои иҷтимоӣ барои онҳо манъ мешавад
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Парлумони Эрон тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки аз ироаи хадамоти иҷтимоъӣ ба заноне, ки ҳиҷоб намепӯшанд, ҷилавгирӣ мекунад. Дар ин бора Мӯсо Ғазанфарободӣ, раиси кумиссиюни қазоӣ ва ҳуқуқии парлумони Эрон хабар дод.
"Ҳоло мисли пештара лоиҳаи қонун оид ба назорати риояи ҳиҷоб дар мошинҳо таҳия шуда истодааст. Илова бар ин, ба наздикӣ лоиҳаи қонун низ қабул мешавад ва барномае амал мекунад, ки тибқи он мо бо истифода аз системаҳои назорати видеоӣ занонеро, ки дар гузаргоҳҳои пиёдагард ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯсарӣ намепӯшанд, муайян мекунем", - афзудааст Ғазанфарободӣ.
Ба таъкиди ӯ, барои ин қабил занон хидматрасонии иҷтимоӣ расонида намешавад.
Мӯсо Ғазанфарободӣ илова намуд, ки дар марҳилаи аввал қонуншикан бо паёмак огоҳӣ мегирад ва дар марҳилаи дуввум ҷарима мешавад.
"Корти миллии ӯ (дар Эрон ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аст) то пардохти ҷарима баста мешавад, аз ин рӯ вай наметавонад аз ҳеҷ гуна хадамоти иҷтимоӣ истифода кунад", қайд намуд намояндаи парлумони Эрон.
Таҳияи тарҳи муҷозот барои напӯшидани ҳиҷоб ба ошӯбҳо ва эътирозҳое марбут аст, ки дар моҳи сентябри соли 2022 дар иртибот бо марги Маҳсо Амин оғоз шуд. Маҳсо пас аз боздшт шудан аз сӯи кормандони пулис ҷон бохт. Шаҳрвандони Эрон мақомотро дар марги духтар айбдор карданд.
Занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро бурида ва ҳиҷобро сӯзондаанд.