Замони ифтитоҳи масҷиди калони Душанбе маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Масҷиди бузурги Душанбе муштаракан аз ҷониби Тоҷикистону Қатар сохта шудааст ва тибқи расмиёт бояд бо иштироки ҳарду ҷониб ифтитоҳ шавад, гуфт раиси Кумитаи дин
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Масҷиди марказии навбунёди шаҳри Душанбе, ки бузургтарин дар минтақа аст, эҳтимол нимаи аввали соли равон кушода шавад, иттилоъ дод раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода.
Ӯ зимни нишасти матбуотияш гуфт, ки масҷид аз ҷониби Тоҷикистону Қатар бунёд шудааст ва аз рӯи тартибу расмиёт бояд бо иштироки ҳарду ҷониб ифтитоҳ гардад.
Вай иттилоъ дод, ки сафари ҳайати расмии Қатар ба Тоҷикистон дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ дар назар аст ва эҳтимол зимни ин сафар масҷиди бузурги Душанбе кушода шавад.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Нашри рӯйхати нави таъсиргузортарин мусалмонҳо: Аз Тоҷикистон танҳо муфтӣ зикр шуд
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Масоҳати зери бинои масҷид, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0