Нашри рӯйхати нави таъсиргузортарин мусалмонҳо: Аз Тоҷикистон танҳо муфтӣ зикр шуд

© Интитут ислама ведения в ТаджикистанеЭмомали Рахмон в Мекке, архивное фото
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон феҳрасти ҷадиди "500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2023"-ро нашр кардааст, ки намояндагони бахшҳои мухталифро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Аз Тоҷикистон ба феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон як нафар шомил шудаст.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода дар феҳрасти ҷадиди 500 мусалмони таъсиргузор дар зинаи 146-ум қарор гирифтаст. Ӯ соли гузашта дар зинаи 141-ум буд.
Дар феҳрасти қаблӣ ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ шомил буд, ки дар зинаи 133 қарор дошт. Дар рӯйхати нав номи Раҳмон зикр нагардидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта 7 соли пайиҳам дар радаи таъсигузортани мусалмонҳо зикр шуда буд.
Верующие во время богослужения в честь праздника Курбан-байрам в Московской соборной мечети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Беш аз 250 ҳазор мусалмон дар масоҷиди Маскав намоз гузоштанд
Дар зимн президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев тоза ба ин феҳраст роҳ ёфта, дар зинаи 139-ум қарор дорад. Аз Қазоқистон низ ду намояндаи нав - овозхон Димаш ва президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ворид шудаанд, ки аввалӣ дар зинаи 183 ва дуюмӣ дар мақоми 138 ҷой гирифт.
Дар садри феҳрасти ҷадид шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва дар пайи ӯ, роҳбари Эрон, Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ҷой гирифтаанд. Амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ дар зинаи сеюм ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар мақоми 4-ум қарор гирифтааст.
Панҷгонаро шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ҷамъбаст кардааст. Ҳамчунин Оқохони чаҳорум, имоми исмоилиёни ҷаҳон низ дар 50-гонаи таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон як қадам пеш рафта, дар зинаи 29-ум қарор гирифтаст.
Кларенс Зеедорф, футболист  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Футболбози машҳури ҳоландӣ Кларенс Зеедорф мусалмон шуду номашро иваз кард
Аз Русия ба ин феҳраст Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғиситонӣ ворид шудааст, ки дар зинаи 119-ум ҷой дорад. Президенти Чеченистон, Рамзан Қодиров дар зинаи 139-ум ва Равил Гайнуддин, муфтии Русия дар зинаи 129 қарор гирифтаст.
Футболбози мисрии клуби англисии "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ дар зинаи 39 ҷой гирифтааст. Дар ҳамин ҳол роҳбари толибҳо Ҳибатулло Охундзода дар зинаи 49-ум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки феҳрасти TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0