Раиси Кумитаи дин: Эҳтимол нархи ҳаҷ арзонтар шавад

Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон раванди ташаккули нархи сафар барои зиёрати хонаи Худо дар соли равонро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Нархи ҳаҷ дар соли равон ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо эҳтимол он дар қиёс бо соли гузашта каме поин равад.
Ин нуктаро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт.
Ба гуфтаи ӯ, чунин эҳтимолият вуҷуд дорад, чун маҳдудиятҳои марбути пандемияи коронавирус, ки хароҷоти иловагӣ доштаанд, лағв гардиданд.
Давлатзода изҳор дошт, ки нархи ниҳоӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст, чун арзиши хадамоте, ки дар Арабистони Саудӣ ироа мегарданд, ҳанӯз ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудаанд.
Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Ду баробар зиёд: Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистонро бештар кард
Вай афзуд, дар пайи дастрас намудани нархҳо, Кумитаи дини Тоҷикистон нархи ниҳоиро ба Хадамоти зиддиинҳисории кишвар пешниҳод хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нархи ҳаҷ барои ҳар зоири тоҷик 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.
Кумитаи дин мегӯяд, маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо, меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа сарф мешавад.
Харҷ барои нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ аз таркиботи дигари нарх ҳаҷ арзёбӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0