https://sputnik.tj/20230203/savdoi-viloyati-sugd-kishvarhoi-idm-1054677885.html
Беш аз 68% савдои вилояти Суғд ба кишварҳои ИДМ рост меояд
Беш аз 68% савдои вилояти Суғд ба кишварҳои ИДМ рост меояд
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Суғд дар маҷмуъ бо 60 кишвари хориҷӣ додугирифт дорад, аммо бештари савдои хориҷии вилоят бо 10 кишвари ИДМ сурат мегирад
2023-02-03T19:15+0500
2023-02-03T19:15+0500
2023-02-27T15:31+0500
дар тоҷикистон
суғд
содирот
воридот
иқтисод
додугирифт
гардиши мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_24e111ce194283b00f0e1a953f7b8328.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Вилояти Суғд бо 60 кишвар, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва бо 50 кишвари хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои ИДМ 68,8 дарсад ё 2190,7 млн. доллар ва ҳиссаи кишварҳои хориҷи ду 31,2% ё 995 млн. доллар рост меояд.Қайд гардидааст, ки таносуби содирот дар моҳи январ декабри соли гузашта нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 34,1 дарсад ва воридот бошад 65,9 дарсадро ташкил медиҳад, ки касри тарози савдо бо кишварҳои ИДМ 936,4 миллион доллар бо кишварҳои хориҷи дур 76,8 млн. долларро ташкил медиҳад.Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2021 бо кишварҳои ИДМ 29,7% ё 501,2 млн. доллар, бо кишварҳои хориҷи дур бошад 1,7 баробар ё 421,8 млн. доллар зиёд шудааст.Дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 содироти мол 1086,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1,7 баробар ё 453,1 млн. доллар зиёд шудааст.Дар ҳамин ҳол воридоти мол ба вилоят 2099,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2021-ум 28,8% ё 469,9 млн. доллар зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20230203/bekori-sughd-kam-maosh-ziyod-1054675148.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_8f39bb13e809ec88abba55537a0ade97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, содирот, воридот, савдо, тиҷорат, додугирифт, идм, хориҷи дур
тоҷикистон, суғд, содирот, воридот, савдо, тиҷорат, додугирифт, идм, хориҷи дур
Беш аз 68% савдои вилояти Суғд ба кишварҳои ИДМ рост меояд
19:15 03.02.2023 (Навсозишуда: 15:31 27.02.2023) Вилояти Суғд дар маҷмуъ бо 60 кишвари хориҷӣ додугирифт дорад, аммо бештари савдои хориҷии вилоят бо 10 кишвари ИДМ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Вилояти Суғд бо 60 кишвар, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва бо 50 кишвари хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои ИДМ 68,8 дарсад ё 2190,7 млн. доллар ва ҳиссаи кишварҳои хориҷи ду 31,2% ё 995 млн. доллар рост меояд.
Қайд гардидааст, ки таносуби содирот дар моҳи январ декабри соли гузашта нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 34,1 дарсад ва воридот бошад 65,9 дарсадро ташкил медиҳад, ки касри тарози савдо бо кишварҳои ИДМ 936,4 миллион доллар бо кишварҳои хориҷи дур 76,8 млн. долларро ташкил медиҳад.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2021 бо кишварҳои ИДМ 29,7% ё 501,2 млн. доллар, бо кишварҳои хориҷи дур бошад 1,7 баробар ё 421,8 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 содироти мол 1086,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1,7 баробар ё 453,1 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти мол ба вилоят 2099,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2021-ум 28,8% ё 469,9 млн. доллар зиёд шудааст.