Роҳи Душанбе - Чаноқ қисман боз шуд

© Пресс-служба Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в ТаджикистанеРасчистка дороги Душанбе-Чанок
Расчистка дороги Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Масири Душанбе - Чаноқ, ки тайи ду рӯзи охир ба далели фаромадани даҳҳо тарма комилан баста буд, қисман боз шудааст, иттилоъ дод ширкати роҳбон
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Ҳаракати яктарафаи мошинҳои сабукрав дар масири Душанбе - Хуҷанд иҷозат дода шуд.
Дар ин бора ширкати IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии пул дар ин масир машғул аст, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёти сабукрав аз Душанбе ба самти Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки 1 феврал дар қитъаи аз километри 52 то 73-юми ин роҳ ҳудуди 45 тармаи хурду калон фаромада буданд.
Расчистка дороги Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
IRS: Роҳи Душанбе-Чаноқ пас аз резиши даҳҳо тарма баста боқӣ мемонад
Ин ширкат гуфт, ки якҷоя бо КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд карда шавад.
Таъкид шудааст, ки феълан баъди равон кардани техникаи махсус ҳаракат дубора қисман аз сар гирифта шуд.
Ширкат аз ронандагон даъват намудааст, ки дар роҳ эҳтиёткор бошанду қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.
Дар ҳамин ҳол Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳушдор додаст, ки дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0