IRS: Роҳи Душанбе-Чаноқ пас аз резиши даҳҳо тарма баста боқӣ мемонад

© IRSРасчистка дороги Душанбе - Чанак
Расчистка дороги Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Обуна шудан
Пас аз фаромадани тақрибан 45 тарма дар қитъаи хурди роҳ барои тоза кардани масири ҷумҳуриявии Душанбе-Чаноқ техникаи махсус сафарбар карда шуд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Корҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафъи оқибатҳои бориши барф ва тарма идома дошта, роҳ баста боқӣ мемонад.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти ширкати IRS хабар доданд.
"Аз субҳи барвақт кормандони мо ба рафъи оқибатҳои бориши барфу тарма шурӯъ карданд, ки барои ин миқдори зарурии техника сафарбар карда шуд", - омадааст дар хабар.
Як рӯз пеш дар қитъаи аз километри 52 то 73-юми ин роҳ ҳудуди 45 тармаи хурду калон фаромаданд.
Ин ширкат гуфт, ки якҷоя бо КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд карда шавад.
Ненастная погода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Борону барфи пуршиддат ва раъду барқ: пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон
Бино ба пешгӯии ҳавосанҷони кишвар ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма дар ин масир ва дигар манотиқи куҳӣ то фардо боқӣ мемонад.
Зеро резиши барфу борони бошиддат пешгӯӣ мешавад, ки омили хатар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ рӯзи 11 январ бар асари фаромадани тарма, ки паҳноиаш 200 метр ва баландии 6 метр аз кӯҳҳо фаромаданд, ҳаракати васоили нақлия дар шоҳроҳи Душанбе-Чанак номумкин шуд буд.
Пас аз он низ ширкати IRS гуфта буд, ки дар қитъаи байни километрҳои 53 ва 81-уми ин масир дар тӯли як соат тақрибан 30 тармафароӣ сабт шуд.
Лентаи хабарҳо
0