https://sputnik.tj/20230203/general-ibrohimzoda-kheshutaborbozi-fasodkori-khatlon-1054677395.html
Генерал Иброҳимзода аз хешутаборбозию фасодкорӣ дар Хатлон гуфт
Генерал Иброҳимзода аз хешутаборбозию фасодкорӣ дар Хатлон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон тайи як соли гузашта 396 адад ҷинояти дорои характери коррупсионӣ ва молиявӣ ошкор гардидаст, ки қариб нисфашон вазнин арзёбӣ шудаанд
2023-02-03T18:30+0500
2023-02-03T18:30+0500
2023-02-03T18:30+0500
дар тоҷикистон
суғд
иқтисод
мубориза
хатлон
ҳукумат
фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Ҳудуди 110 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунӣ бо замин дар вилояти Хатлон тайи як соли гузашта ошкор карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, сардори раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон, генерал Карим Иброҳимзода хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 16 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик ба қайд гирифта шудааст, ки бар асоси қонуни зидди фасоди ҷумҳурӣ мамнуъ мебошад. Сардори раёсат тавзеҳ дод, ки хизмати якҷояи хешовандони наздик бар хилофи талаботи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи муқовиммат бо коррупсия” ва “Дар бораи хизмати давлатӣ” мебошад. Ба гуфтаи генерал Иброҳимзода ҳолатҳои ошкоршудаи хешутаборбозӣ дар дар пайи чораандешиҳои мақомот бартараф карда шудаанд. "Тайи соли 2022 дар ҳудуду вилоят 396 адад ҷиноят характери коррупсионӣ ва молиявӣ дошта, ошкор гардид, ки 158 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Ҷиноятҳо вобаста ба замин 110 адад ошкор карда шуд", - гуфт Иброҳимзода. Ӯ илова намуд, ки кормандони ниҳоди мубориза бо коррупсия тайи 12 моҳи соли гузашта дар 146 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоятии Хатлон санҷиш гузарондаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда зиёда аз 15 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидаст, ки қисме аз он барқарор шудааст.
https://sputnik.tj/20230111/rustam-emomal-ojonsi-fasod-kor-hukumat-sanjad-1054115939.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳолат, хеш, табор, фасодкорӣ, хатлон
ҳолат, хеш, табор, фасодкорӣ, хатлон
Генерал Иброҳимзода аз хешутаборбозию фасодкорӣ дар Хатлон гуфт
Дар Хатлон тайи як соли гузашта 396 адад ҷинояти дорои характери коррупсионӣ ва молиявӣ ошкор гардидаст, ки қариб нисфашон вазнин арзёбӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Ҳудуди 110 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунӣ бо замин дар вилояти Хатлон тайи як соли гузашта ошкор карда шуд.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, сардори раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон, генерал Карим Иброҳимзода хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 16 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик ба қайд гирифта шудааст, ки бар асоси қонуни зидди фасоди ҷумҳурӣ мамнуъ мебошад.
Сардори раёсат тавзеҳ дод, ки хизмати якҷояи хешовандони наздик бар хилофи талаботи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи муқовиммат бо коррупсия” ва “Дар бораи хизмати давлатӣ” мебошад.
Ба гуфтаи генерал Иброҳимзода ҳолатҳои ошкоршудаи хешутаборбозӣ дар дар пайи чораандешиҳои мақомот бартараф карда шудаанд.
"Тайи соли 2022 дар ҳудуду вилоят 396 адад ҷиноят характери коррупсионӣ ва молиявӣ дошта, ошкор гардид, ки 158 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Ҷиноятҳо вобаста ба замин 110 адад ошкор карда шуд", - гуфт Иброҳимзода.
Ӯ илова намуд, ки кормандони ниҳоди мубориза бо коррупсия тайи 12 моҳи соли гузашта дар 146 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоятии Хатлон санҷиш гузарондаанд.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда зиёда аз 15 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидаст, ки қисме аз он барқарор шудааст.