Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии зидди фасод хост, кори ҳукумати пойтахтро санҷад

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе хостори санҷиши кори мақомоти шаҳрдорӣ аз сӯи муборизон бо коррупсия шудааст. Ҳадафи ин иқдом таъмини шаффофият гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе дархост барои анҷоми санҷишро унвонии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия равон кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Рустами Эмомалӣ аз гузарондани санҷиш таъмини шаффофият мебошад.
Аз ҷумла аз Ожонси зидди фасод дархост шудааст, ки шаффофияту самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо санҷанд.
Оформление полисов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
"Обулой"-и полисҳо дар Душанбе: Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ фасодро аз байн мебарад?
Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2022 аз бандҳои дигари дархости Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии зидди фасод мебошад.
Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи январи соли 2017 роҳбарии шаҳри Душанберо ба уҳда дорад, мунтазам аз мақомоти зидди фасод ва ҳамзамон аз Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки кори мақомоти тобеяшро санҷад то шафофияту самаранокӣ таъмин гардад.
Лентаи хабарҳо
0