Эълони саршумори буз, гӯсфанд ва гов дар Суғд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз рушди соҳаи чорвопарварӣ дар минтақа хабар дода, саршуморашонро эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Саршумораи чорвои калони шохдор дар вилояти Суғд қариби дар оғози соли равон 720 ҳазор сарро ташкил дод.
Дар ин бора ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор сар зиёдтар мебошад.
Инчунин саршумори гӯсфанду буз ҳудуди 1% ё наздики 20 ҳазор сар афзоиш ёфтааст. Манбаъ афзуд, ки шумораи мурғҳо наздики 1,4 дарсад ё 73,6 ҳазор адад зиёд гардидааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, аксари саршумори чорво аз ҷумла беш аз 86%-и чорвои хурд ва зиёда аз 93%-и чорвои калон ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меоянд.
Баран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Афзоиши саршумори бузу гову гӯсфанд дар Тоҷикистон: Тавлиди гӯшт чӣ?
Афзоиши нисбатан зиёди саршумори чорво дар навоҳии Деваштич, Спитамен ва Зафаробод ба қайд гирифта шудааст.
Дар зимн таъкид шуд, ки тавлиди гӯшт дар шимоли Тоҷикистон наздики 78 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздки 3% зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсоли шир дар Суғд ба андозаи 2% зиёд шуда, дар соли гузашта наздики 282 ҳазор тоннаро ташкил додаст. Ҳудуди 91%-и ширро дар Суғд худи хоҷагиҳои аҳолӣ истеҳсол кардаанд.
Шумораи тухм дар шимоли ҷумҳурӣ 766 млн дона арзёбӣ шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ 20% зиёд гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0